Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 373 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 373 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Кам - кам.
  • Нафаре аз ҳамин ҷо бандаро бо роҳи фиреб ба мамолики Араб бурд…
  • Бо роҳи фиреб бурдан ин маънои маҷбур бурданро надорад.
  • Инаш рост, вале баъди ҳамаи он фаҳшу фасод ман баргаштам ва ўро ба суд додам. Ба ҷои он ки кормандони мақомоти тафтишотӣ маро ҳамчун ҷабрдида эътироф намудаву вайро ба ҷавобгарӣ кашанд, бо роҳи таҳдиду фишор бандаро маҷбур намуданд, ки аризаамро пас гирам ва ин ҳама фикру хаёли хомро аз сар дур намоям, чунки онеро ки ман аз гиребонаш гирифтан мехоҳам, пушту паноҳи бузурге дорад ва як ишорааш басанда аст, ки мани фоҳишаро, ки дар сар ҳавои пулу мол доштааму худ ба мамолики Араб рафтам, ҷисман мавҳ созад.
  • Бовар намекунам.
  • Албатта, бовар намекунед. Охир кӣ мегўяд, ки дӯғи ман турш аст.
  • Гап дар сари ширину турш будани дўғ ҳам нест.
  • Ман шуморо гӯш мекунам.
  • Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро шумо аз болои онҳое, ки бо роҳи таҳдиду фишор аризаатонро пас гардониданд, ба мақомотҳои болоӣ шикоят накардед?
    -Шикоят мегўед?
  • Ҳа, шикоят.
  • Мебурдам, вале ҳафтае пас дар фурудгоҳ чанд нафар ҷавондухтаронро дастгир намуданд, ки озими мамолики Араб шудан мехостанд. Аз эҳтимол дур набуд, ки дар ин бора ҳукуматдорон хабар доштанд ва ҳодисаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин баробари он буд, ки ҷинро аз кӯза сар диҳӣ ва мақомоти тафтишотӣ ноилоҷ баҳри саркӯб намудану ба кӯза даровардани ҷини саркаш камари ҳиммат бастанд. Бо ин амали хеш онҳо бо як тир ду нишон заданд.
    Якум, ҳукуматро бовар кунониданд, ки дар мақоми хеш устуворанд ва намегузоранд, ки ба пой шаҳрвандонаш хоре халад. Дуюм, дар арсаи ҷаҳон худро чун ҳомии шаҳрвандони хеш муаррифӣ намуданд, ҳарчанд бозгашти духтарони фиребхӯрда аз мамоликҳои дигар тариқи каналҳои дипломатӣ сурат гирифт…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан