Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 372 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 372 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Оби рехта ва шишаи бишкастаро…
  • Ман мефаҳмам, ҳамаашро мефаҳмам.
  • Маҳрумро мешинохтед?
  • Киро?
  • Парисоро?
  • Не.
  • Пас чӣ сабаб шуду маслиҳатгари вай шудед?
  • Агар гўям ҳам ба гумон аст, ки шумо бовар намоед.
  • Муҳимаш он ки шумо росташро гўед.
  • Чаро ман дурўғ мегуфтам, ё аз марги вай ман манфиате бурдаам?
  • Намедонам.
  • Ин ҳанўз ҷавоб нест.
  • Чӣ хел ҷавоб нест?
  • Ман гуфта истодам, ки дар марги Парисо на ба таври ростхата ва на ғайримустақим даст надорам, вале агар шумо дар даст далеле дореду бандаро дар марги вай гумонбар медонед, хоҳиш мекунам, маро чун шахси гумонбар ба ҷойи коратон ҷеғ занед, ҳуқуқу вазифаҳои манро чун шахси гумонбар бароям фаҳмонда диҳед…
  • Гуфтам – ку, ором шавед.
  • Ин ба гуфтан осон.
  • Агар шумо гуноҳе надошта бошед, чаро метарсед?
  • Гўё намедонед.
  • Чиро?
  • Хоҳиш мекунам ба дил наздик нагиред, вале ман бисёр кормандони ҳифзи ҳуқуқро медонам, ки дар фитнаю дасисабозии паси парда устои касби хешанд.
  • Ин ҳама нафрат аз куҷо?
  • Нафрат мегўед?
  • Ҳа.
  • Гумон доред, ки ман туҳмат мекунам.
  • Гулзор, албатта, бе хор нест ва аз рўи як хор шуда ҳамаи гулзорро оташ задан аз рӯи инсоф нест.
  • Медонед, ман чӣ фоҷиаеро аз сар гузаронидаам?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан