Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 371 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 371 аз 527 · 2 ноябри 2026

Аминам, ки ҳамин лаҳзаҳо расида меояд. Гумон мекунам инаш ҳоло чандон муҳим нест…
Занги телефон садо доду Дилшоди Ибод гӯшакро бардошта, лаҳзае пас онро ба дасти ман дод…

  • Нодир Замон дар китфи дасти чапаш расми «шамшер»
    дорад, - гуфт нафари занг зада.
  • Расми шамшер?
  • Бале.
    Чун банда ба тарафи муфаттиш нигаристам, ў сар ба зер афканд, маълум буд, ки онҳо дар карер ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса либосҳои мақтулро аз танаш бурун накардаанд, вале ин чандон муҳим ҳам набуд. Бинобар ин, ман ба сардори милиса гуфтам, ки соате ё шояд баробари ба даст овардани хабар занг мезанам.
    Дилшоди Ибод ҳамоно ба ташхисгоҳи байниноҳиявии тиббӣ - судӣ занг зада, дар ин бора пурсон шуд.
    Баъди даҳ дақиқа аз ташхисгоҳ занг зада хабар доданд, ки дар китфи дасти чапи мақтул расми «шамшер» кашида шудааст.
    Бо гирифтани хабар аз ташхисгоҳи тиббӣ - судӣ ман дубора ба Воҳид Камол занг зада, ўро аз ин бозёфт огоҳ намудам.
    -Бо муфаттиш дар бораи нишон додани ҷасад ба наздиконаш гуфтугў намоед. Рафту ба мувофиқа оед, боз занг занед.
    Чун худи муфаттиш суханони Воҳид Камолро шунид, гуфт, ки то гузаронидани ташхиси пурраи тиббӣ ба гумон аст дар ин бора ба мувофиқа омадан.
    Ману Суҳроби Шорамазон ба муфаттиш ва Саидшоҳи Ғайрат маълумотҳои доштаамонро дар бораи мақтул дода, бо онҳо худоҳофизӣ намудем. Соате пас мо аллакай дар дафтари кории Воҳид Камол будем ва ў ба ҳамаи суолҳои хеш ҷавоб гирифт…
    ...29...
  • Охир ман аз куҷо медонистам?
  • Ором шавед.
  • Ба номи худо агар ман мефаҳмидам, ки касе қасди ҷони вай мекунад, ҳаргиз сухане ба ў намегуфтам. Охир агар Парисо ба мамолики Араб ҳам мерафт, шояд ягон вақт бармегашт, акнун, ки роҳи вай бебозгашт аст, банда худро дар хуни ў зомин ҳисоб мекунам…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан