Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 370 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 370 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ба гумон аст, ки он расмҳо натиҷае диҳанд. Ба замми ин, чӣ хеле мо фаҳмидем, шумо ҳатто нафареро, ки ҷустуҷўяш доред, бо чашми сар надидаед ё гапам нодуруст? - гуфт Дилшоди Ибод.
  • Дуруст, вале мо акси ўро аз рўи формаи 1 дидаем.
  • Ўро шинохтан ғайриимкон буд. Барои шинохтани ў аслан хешу ақрабояшро даъвт намудан лозим.
    Аз дафтари кории Дилшоди Ибод ман ба Воҳид Камол занг зада, ўро ба рафти ҳодиса дурусттар шинос намудам.
  • Ҳамсари Нодир Замон ҳоло дар дафтари Наврўз Умар нишондод дода истодааст. Шумо ба кадом саволатон посух гирифтан мехоҳед?
  • Чун мақтулро аз намуди зоҳирӣ шинохтан ғайриимкон аст…
  • Шуморо фаҳмидам, интизор шавед, ман худам занг мезанам, - гуфта Воҳид Камол гӯшакро ба ҷояш гузошт.
  • Чаро нишондоди нафаре, ки мақтулро дидаву ба милиса хабар додааст, дар байни ҳуҷҷатҳо нест? - пурсидам ман.
  • Мо ному насаби вайро аллакай гирифтем, вале чун ў аз пайи кори хеш ба бозор рафтааст, имконияти пурсидани вайро наёфтем, - гуфт Саидшоҳи Ғайрат.
  • Он чӣ коре будааст?
  • Ў ду сар чорвои калони шохдорро ба ҷумъабозор мебурдааст ва маҳз ба ҳамин хотир барои миёнбур кардани роҳ аз байни карери дуюм гузаштааст. Азбаски ба ҷуз он ду сар чорвои калони шохдор ҳамроҳаш сагчаи хурде будааст, дар вақти карерро убур намудан сагча ба ҳамон самте, ки мо ҷасадро ёфтем, давида аз байни хоку рег, ки аз борони дишаба либосҳои мақтул каме намоён шуда буданд, ҷисми ӯро берун овардааст…
  • Ў рафтани шуморо интизор шуд?
  • Ҳа, албатта.
  • Пас чаро вайро напурсидед?
  • Чунки ў бо амри дил қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намуда буд, ба замми ин, мо ному насаб ва суроғаи вайро гирифтем.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан