Аз суҳбати сардори бахш ҳамин қадар фаҳмидем, ки сабаби ёфтани ҷасад, ки ҳанўз шахсияташ маълум набудааст, – борони дишаба гардида.
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Рўдакӣ мушовири адлияи дараҷаи дуюм Дилшоди Ибод баъди шунидани матлаби мо тамоми ҳуҷҷатҳои то ҳамон лаҳза дар атрофии қазияи мазкур гирдовардаашро ба дасти мо дод то бихонем ва андешаҳои хешро дар ин бора баён намоем.
Ба андешаи муфаттиши прократура худи карери дуюми ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи ба қатл расонгидани мақтул набудааст ва баъди куштор ҷисми беҷони вайро ба он ҷо бурда, дар чуқурии на чандон калоне (чуқурӣ на беш аз сиюпанҷ сантиметр баландӣ доштааст), таги регу хок намудаанд…
Муфаттиш ҳамин андешаҳои хешро дар протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса низ гирд оварда буд. Дар тани мақтул либосҳои қариб тобистона будааст. Маҳз ҳамин ҳолат баъди гирифтани хабарнома мавриди таваҷҷуҳи мо гардида буд.
Рафоати Муҳаммад дар суҳбат бо ман ва Саодати Назар гуфта буд: ҳамон субҳе, ки Нодир Замон ба “Корвон” омад, дар тан куртаи сафед ва шиму костюми ранги бур ва боронии сабуки ранги сиёҳ дошт. Ҳарчанд дар тани мақтул боронӣ набудааст, вале либосҳои дигараш, ҳатто туфлиҳояш, ки нӯгашон борик буд, ба либосҳои дар тани Нодир Замон дидаи Рафоат шабеҳ доштаанд. Ин як.
Дуюм, ҳолате ки таваҷҷуҳи бандаро ба ҳодисаи мазкур бештар намуд, хулосаи пешакии ташхисгари тиббӣ судӣ буд, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷасад вақти марги ўро на беш аз сад соат арзёбӣ намуда буд. Маҳз ҳамин ҳолат ҳангоми таҳлил ва ба қафо тоб додани чархи вақт рафти ҳодисаро то рўзи душанбеи 27-уми январ меовард. Ин ҳамон рўзе буд, ки ду соат пеш аз парвоз Нодир Замон ба “Корвон” ташриф оварда, вале бо кадом сабабе ў ба фурудгоҳ ҳозир нашуд…
Аз рўи ҳуҷҷатҳои гирдомада ҷасади аз карер ёфтшуда тариқи буғӣ намудан ба ҳалокат расонида шуда буд.
Чун то ҳанўз расмҳои аз ҷойи ҳодиса гирифташуда тайёр набуданд, мо фикру андешаҳои хешро дар ин бора ба муфаттиш ва сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ баён намудем.





