Ба таври дигар гӯем, додугирифт аз зинаи паст оғоз меёбад. Соҳибмансабе ки аз чунин гӯсолаҳо дар зинаи поёнӣ манфиат дид, чун боло рафт, албатта ўро бо худ мебарад ва шадда ҳамин хел бо донаҳои “марворид” пур шудан мегирад, яъне зинаи болоӣ зинаи поёниро, ки аз ў манфиате дидааст, ба мақсади манфиатҳои бештаре аз қафои хеш кашола карда мебарад…
- Пас бо чунин аҳвол мо то ба куҷо меравем?
- Хушбахтона, чунин афрод ниҳоят каманд, вале ҳастанд.
Оне ки нафареро чун Оташак пуштибон аст, боз худ ҳомию пуштибони баландтаре дорад, аз ин рў, деги онҳо ҳамеша дар ҷӯш аст, вале ба андешаи банда нимта нон роҳати ҷон…
Хостам эътироз намоям, вале дар ҳамин лаҳза касе ба дар ангушт зад ва Воҳид Камол баҳри даромадани вай рухсат дод.
Дар кушода шуду ба дафтари кори сарвари ШКД майори милиса Хоҷаев ворид шуда, коғази дар дасташ бударо болои мизи кори сардор гузошт. - Ин чӣ?
- Ориентировка, худи ҳозир аз Факс гирифтам.
Воҳид Камол ба навбатдор рухсати рафтан дода, худ хабарномаро ба даст гирифт ва баъди ду дақиқа онро ба дасти ман дод.
Дар хабарнома омада буд, ки субҳи имрўз аз карери дуюми ноҳияи Рўдакӣ ҷисми беҷони марде ёфт шуд, ки … - Хуш, ба инаш чӣ мегўед?
- Барои ба хулосаи аниқе баромадан ҳоло вақт ҳаст, вале аз рўи либосҳои дар тани мақтул буда ў нафареро ба хотири ман меорад.
- Киро?
- Нодир Замонро.
- Чӣ?
- Он чӣ шунидед.
- Худи ҳозир ба ноҳияи Рӯдакӣ равед, фаҳмо?
-Фаҳмо…
...28...
Соате пас ману Суҳроби Шорамазон ба ШКД –и ноҳияи Рӯдакӣ ва сипас ба прокуратураи ноҳияи мазкур рафтем.
Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ подполковники милиса Саидшоҳи Ғайрат худаш моро то прокуратура ҳамроҳӣ намуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




