Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 367 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 367 аз 527 · 2 ноябри 2026

боғи “Дӯстӣ” тариқи мўйҳояш буғӣ намуда буданду сардор барои “нофаҳмиям” бо забони русӣ “Тебя только за смерть послать” гуфта буд, парвоз кард, ин ҷо бошад …42

  • Чаро хомӯшед?
  • Модоме ки Оташак акнун муовини расмии сардори раёсат аст, пас ба огоҳномаи ў нисбати банда набояд аз паси панҷа нигарист.
  • Агар худат ба ҷойи ман мебудӣ чӣ кор мекардӣ?
  • Ба шумо як огоҳӣ медодам.
  • Асос?
  • Густохии шумо нисбати қозии давлат.
  • Рафту ман гуноҳро ба зимма нагирам - чӣ?
  • Чӣ хел ба зимма намегиред, модоме ки худи Далер Қароқул, ки бо маоши ночиз қасри сеошёна сохтааст, аз болои шумо ба муовини сардори РКД шикоят намудааст? Ба замми ин, ман бо ин амали хеш руҳи Масрури Мӯсоро шод мекардам…
  • Ҳар гоҳ ки ба ҳамин курсии ман нишастед, метавонед чунин амалро иҷро намоед…
  • Афсўс, то замоне ки ман соҳиби ин курсӣ мешавам, Оташак ба мақоми болотаре меравад ва кўшиш мекунад, ки бандаро ҳарчӣ тезтар ба нафақа гусел намояд.
  • Чанд сол боз дар милисаед?
  • Шонздаҳ сол.
  • Оташак бошад, даҳ сол. Ў тайи ин даҳ сол он қадар ҷаҳиш намуд, ки ҳисобаш гум ва медонед ҳамаи инро сабаб чист?
  • Донишаш ниҳоят баланд аст?
  • Эй хандаамро набиёр. Оташак саводи илоҳӣ надорад, вале бо замона ҳамқадам аст. Ба ў агар овардани салларо супориш диҳӣ, онро якҷоя ҳамроҳи калла бароят ҳозир месозад…
  • Ман ҳайронам, ки чӣ тавр нафароне, ки чун Оташак дасту дилашон пок нест, соҳиби унвону вазифа мешаванд?
    Ин чандон душворие ҳам надорад. Гӯсолаи мешудагӣ аз хӯшаи думаш маълум аст. Маҳз чунин гӯсолаҳо талаботи зиёд

42Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Пораи қанд” доранд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан