Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 366 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 366 аз 527 · 2 ноябри 2026

Чаро? Чунки мақоли ў дар зиндагӣ чунин аст: -“ Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Рафту агар ў ҳам чун сармуҳаррир марди қайсару якрав мебуд, - чӣ? Дар он сурат соҳиби мансаби баланд шудан он тараф истад, балки барои он қасре, ки аз нигоҳи иқтисоди ним миллион доллар арзиш дорад бояд ҷавоб мегуфт. Ў нағз мефаҳмад, ки бо думи шер бозӣ кардан хуб нест, беҳтараш рӯбоҳе бояд буд дар хизмати шер.” Бо ҳамин фикру хаёлҳо ман ба идора омадам ва аз суханони навбатдор, ки бандаро ба назди сардори ШКД фиристод, ҳамин қадар фаҳмидам, ки пеш аз омадани худам аз болоям шикоят омадааст.

  • Ба ростӣ, ягон ҷое ҳаст, ки шумо рафта бе саргузашт баргардед? - баробари дидани ман, пурсид Воҳид Камол.
  • Ягон гап шуд?
  • Далер Қароқул аз болоят ба муовини сардори раёсати шаҳрӣ шикоят намудааст.
  • Ба кадом муовинаш?
  • Ба Масрури Мӯсо. Ҳа дарвоқеъ шояд хабар надошта бошӣ, дирўз дӯсти собиқат ба ин вазифа таъин шуд.
  • Кӣ, Оташак?
  • Боз кӣ мешуд?
  • Шумо бошед, рафиқ полковник, гумон доред, ки банда аз ҳадди ваколатҳои хизматиам баромадам?
  • Ман ҳеҷ гумон надорам, аслан акнун надорам. Рафту раиси суд ба Оташак нею ба дигар кас занг мезад, бовар мекардам, вале акнун...
  • Кал додари кӯр, ҳамин хел?
  • Эхтиёт шудан лозим, аз ин тоифаҳо эҳтиёт шудан лозим…
  • Аслан ман супориши шуморо иҷро карда натавонистам.
    -Бало ба паси ҳамон парванда. Мо бе ёрии онҳо ҳам худамон ягон илоҷашро меёбем.
    Мавҷи андешаҳои банда ба дуриҳои дур, ба солҳое, ки Ёров ном зоти “пок” чун Оташаку Далери Қароқул сарварии милисаро ба душ дошт ва Ирина Коваленко ном духтареро дар
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан