на дар рафтор ва на дар гуфтор ман аз доираи одоб берун набаромада будам. Ҳар он чӣ ки нисбати раиси суд гуфтам, ин қатрае аз баҳр буд. Охир ин ҳамон судяе буд, ки Шамсияро фоҳиша хондаю ба ивази ҳазор доллар ўро аз шавҳар ҷудо намуда буд. Ин ҳамон судяе буд, ки аз беақлии хеш ба иззати нафси падари Шамсия расида ва ўро ба касалии қалб гирифтор намуда, ин ҳамон судяе буд, ки бо ҳамин як маоши ночиз дар байни шаҳр қасри сеошёна сохта, ин ҳамон судяе буд, ки ба андешаи ман бо супориши “боло” Алихони Набипурро аз толори суд бе ҷурм бароварда. Ин ҳамон судяест, ки обро лой намудаву соҳиби мансаби баландтаре шуда…
Ман имконияти бо он парванда шинос шуданро наёфтам, вале бе ин ҳам бисёр чизҳоро фаҳмидам. Ҳақ ба ҷониби Меҳрафрўз буд, ки гуфта:
- “Аз кор пеш намудани чунин афроди пасту палид (Алихони Набипур) барои сармуҳаррир осон набуд. Алихони Набипур то куҷоҳое даъво накард. Дигар на генерал монду на вазир, вале сармуҳаррир касеро гӯш накард ва ба сари хеш чӣ балоҳое наовард.” Ман боз суҳбати кӯтоҳи хешро бо сармуҳаррир ба ёд овардам: “Дар он сурат ман ба хулосае меоям, ки ҳама он навиштаҳоятон дар бораи пайдоиши нопокиҳои ҷамъият ва мубориза бо он асоси воқеӣ надоранд.
- Ихтиёр шуморост, - гуфт сармуҳаррир.” Акнун, ки банда дар назди қозии давлат будаму рафтору гуфтори ӯро дидам, ба хулосае омадам, ки ҳамон сармуҳаррири лоғарандом дар тарбияи насли наврас дар хизмат ба халқу Ватан он қадар саҳмгузор аст, ки судя дар тамоми умр ба пояи як хизмати ў намерасад, чунки яке ба нафъи халқу Ватан сухани ҳақро мегўяду дигаре ба нафъи кисаи хеш…
Баъди баррасии парвандаи рақами 666 сармуҳаррир худро дар бало монда, кафшҳои он нафареро, ки судя ўро бегуноҳ ҳисобида буд, пеши пояш монда. Чаро? Чунки дили сармуҳаррир ба халқу миллаташ сӯхтааст ва расмҳои аз чаҳорчўбаи одоб берун гирифтаи ҳамкорашро написандидааст, вале судя бошад, кўшиш ба харҷ додааст, ки парвандаи ба гуфти худаш хому хатала тайёр намудаи мақомоти тафтишотиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




