Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 364 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 364 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Марҳамат ба курсӣ нишинед. Ба ростӣ, аз кору аз ҷангу ҷанҷолҳои ҳаррўза майнаамон хароб шудааст, - иқрор шуда гуфт раис.
  • Ташаккур, ман рост меистам, шумо беҳтар мебуд супориш медодед то он парвандаро баҳри омӯзиш ба ман медоданд.
    -Гумон доред, ки аз омӯзиши он ба ягон хулоса меоед?
  • Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
  • Раҳмат гӯед, ки он парвандаҳои хому хаталаи шуморо мо ҷон коҳонида, ҷон коҳонида мегузаронем, вагарна фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён ва вазнин аз панҷоҳ фисад ҳаргиз боло нахоҳад шуд.
  • Ба фикрам, бо ин амалатон шумо ба чашми давлат хок мепошед.
    -Чӣ, чӣ гуфтед?
  • Мегўям, ки парвандаи хому хаталаро ба тафтишот баргардондан лозим, на ин ки аз рўи он ҳукм баровард.
  • Инашро мо аз шумо намепурсем. Дар воқеъ, ман андешаҳои дар дил доштаатонро ба гўши сардори раёсати корҳои дохилӣ мерасонам. Ман намедонам, онҳо чӣ хел тоқат кардаанд, ки нафаре чун шуморо, ки дилаш ба кор намесўзад, дар сафашон нигоҳ доранд.
  • Боке нест, ҳарчӣ хоҳад гуфтан гиред.
  • Акнун метавонед равед. Ман парвандаи ҷиноиро ҳаргиз барои омўзиш ба нафаре, ки дилаш ба кор намесўзад, намедиҳам, фаҳмо?
  • Ман мефаҳмам, ки ин ҷо айб на дар ош, балки дар худи мош аст.
  • Рӯшантар карда гап занед.
  • Шояд то андозае ҳақ ба ҷониби шумост, ки дили ман ба кор намесўзад. Охир чӣ тавр метавонад дили ман ба кор нарм шавад, ки натиҷаи кори ман дар дасти чунин афроде чун шумост, ки обро лой карда моҳӣ медорад, - гўён ман мактуби овардаамро аз болои мизи кории раис гирифта, ба самти дар ҳаракат намудам…
    Дар беруни бино коматамро рост намуда, нафаси чуқуре гирифтам. Шамоли сард рӯҳамро каме ҳам бошад, болида гардонид. Ман ҳамаи гуфтаҳои хешро бори дигар дар мизони ақл гузоштам, то бифаҳмам, ки дар куҷо ба хато роҳ додам, вале…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан