Котиба, ки сари компютер менишаст, мактубро аз назар гузаронида, тугмачаеро пахш намуд ва матлаби бандаро тариқи селектор ба самъи патронаш расонд.
- Ба онҳо чӣ лозим будааст, мактуб?
- Не, дар мактуб омадааст, ки ба вай имконият диҳем бо парвандаи ҷиноии рақами 666 шинос шавад.
- Аз кадом сол?
- Ду сол пештар.
- Он чӣ парвандае будааст?
- Ин ҷо ман дар китоби худамон дидам, ин ҳамон парвандаест, ки чанд нафарро дар бораи қочоқи одамон ба ҷавобгарӣ кашида буданд…
- Майлаш ба ў рухсат диҳед.
Баъди чанд сония ман дари дуқабатаро убур намуда, вориди дафтари кории раиси суд шудам. - Биёр чӣ дорӣ? – пурсид раис, ки ҳатто ба саломи банда алек нагуфт. Аз кару фар ва кибру ғурури ў худамро каме гум намудам ва хостам ду - се сухани обдор барояш ҳавола созам, вале боз астағфурилоҳ гуфта, он мактуби бо худ овардаамро болои мизи кориаш мондам.
- Хуш, ба шумо чӣ лозим? Мақсади аниқатонро гўед.
- Баъзе аз ашхосе, ки дар парвандаи пешин буданду бе ҷазо монданд, аз нав даст ба ҷиноят заданд, дурурсттараш мо онҳоро дар содир намудани ҷинояте гумонбарем ва мехоҳем бифаҳмем, ки нақши онҳо дар амалиётҳои пешин чӣ гуна буд?
- Ному насаби онҳо.
Ман метавонистам ному насаби рўзноманигорро ба забон оварам, вале кибру ғурури ўро дида, хостам бо ҳуҷуми психологӣ мардеро, ки дар синну сол аз ман ҷавонтар буд, вале аз рўи мансаб посух гуфтан ба саломро, ки қарзи парвардигор аст, фаромўш намуд, ба ҷояш шинонам. - Ба гумон аст, ки шумо ўро шиносед, - гуфтам ман.
- Чӣ хел намешиносам? Охир ҳамон парвандаро ман баррасӣ намудам, ҳарчанд дар он вақт ман раис набудам.
- Ин хел бошад, ному насаби он нафарро гуфта наметавонам? Маро бубахшед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




