Тамоми роҳ ӯ дишаб аз судя шикоят намуд, вайро порахӯр гуфт, бехабар аз он ки ба ҷои ҳамон судяи порахӯр фариштаеро ҳам мемонданд, вайро ҳимоя карда наметавонист…
Дирўз дар ҳамин вақту соат ман дар манзили Алихони Набипур сари расми “Духтар дар ҳаммом” баҳс доштам.
Роҳравон ман гоҳе аз бодҳо ва гоҳе аз ёдҳо рўй монитори хотирам суҳбати хешро бо аксбардор барқарор карданӣ шудам. Албатта, он суҳбатро пурра ба ёд овардан мушкил буд, вале қисман лаҳзаҳои он дар рўи монитор пайдо шуданд…
- “Аҷиб ки чӣ тавр бонуи мусулмон ба чунин амал розӣ шудааст?
- Бонуҳои мо аз ғарбиён кам нестанд ва агар чунин аст, пас чаро ҷаҳониёнро ба ҳайрат нагузоранд.
Чун ин бонуи урён дар рўи суфаи ҳаммоми умумӣ нишастааст, банда донистан мехостам, ки чӣ тавр кормандони ҳаммом розӣ шуданд, ки шумо вориди ҳамоми занона гардед? - Пора санги хораро об кардааст ва ин тарафи корро худи ҳамин бону ҳал намуд…” Ман афсўс бар он хӯрдам, ки дишаб ҳамин тарафи масъала ба ёдам наомад, вале итминони комил доштам, ки дар суханони аксбардор хатое нест. Пас худи Шамсия кўшиш ба харҷ додааст, ки кормандони ҳаммомро розӣ кунонад, то ба аксбардор рухсат диҳанд, ҷисми урёни ўро дар болои суфаи ҳаммом ба объектив ҷо ба ҷо намояд. Ҳамаи ин зебогиро бошад, Шамсия чанд сол қалб аз ин дар “Эрмитаж” дида. Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Алихони Набипур буд, ки духтарони мо аз ғарбиён камие надоранд гуфта, бехабар аз он ки чунин озодӣ баҳри духтари мусулмонон зебанда нест, вале чӣ илоҷ, ки об аз сар гузашта буд…
...27... - Бе имзои раис?
- Фарқаш чист, мактуби расмӣ ҳаст – ку?
- Худатон бояд фаҳмед…
- Акнун фаҳмидам, - гўён ман аз котиботи суди шаҳрӣ берун шудам ва ба самти дигари даҳлез ҳаракат намуда, дар рў ба рўи даре, ки дар болояш “Қабулгоҳ” навишта шуда буд, лаҳзае таваққуф намуда, сипас ба дар ангушт задам…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




