Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 361 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 361 аз 527 · 2 ноябри 2026

...26...
Субҳи охирини рўзи моҳи январ нисбат ба ҳама гуна рўзҳои гузаштаи ҳафта сардтар буд, вале …
Бо ҳама сардӣ ин субҳ накҳати дигар дошт… Накҳате, ки аз замин бўйи мушку анбар меояд… Накҳате аз омад - омади баҳор, ҳарчанд боз як моҳи пурраи зимистон дар пеш буд, вале… Борон худ муждае аз омад-омади арўси сол буд. Арўсе, ки ҳамагон дусташ медоранд ва омаданашро интизоранд.
Ҳарчанд аз барф дар шаҳр қариб нишонае набуд, вале дар доманакӯҳҳо табиат ҳанўз дар зери пероҳани сафед буд.
Пероҳане, ки тобу тавони шамолро надорад. Пероҳане, ки борон то мағзу устухонаш кора мекунад… Зимистон имсол пероҳани хешро ҳифз карда натавонист, мисли оне ки Шамсия ҳуқуқи хешро. Ҳамааш аз касофати ҳамон аксбардор, ки аз ҳисоби акси ў соҳиби шӯҳрат шудан хост. То ҷое, ин кор ба ў даст дод, вале бо кадом нарх. Бо як амали ноҷои хеш духтар қалби падар шикофт, ҳарчанд мурдан ҳақ, вале алҳазар аз чунин марге, ки номи туро бо бадӣ ба ёд оваранд. Дигар чӣ ҳам гўянд. Душман гуноҳи дигаратро наёфт. Албатта мегуфтагист, ки думи сагат каҷ аст. Ҳоло ҳама дар бораи озодию демократия ҳарф мезананд, бехабар аз он ки аз озодии зиёд ҳам одам роҳгум мезанад. Демократияи аз ҳад зиёд бошад, бенизомиро (хаос) ба вуҷуд меорад. Бубин падари Шамсия, ки аз аҳли зиё буд, чӣ хел шарбати озодии ба духтараш додаро нӯш кард. То бифаҳмид, ки корвон рафт. Ба кӣ мегуфт дарди дили хеш: - Рафту ба дўст мегуфт, шояд акси садо чунин буд.
Оҳ, бечорае, ки олим шудию як духтарро тарбия карда натавонистӣ. Аз чунин дилбардорӣ дида шарбати маргро чашидан алвотар буд, рафту ба душман мегуфт, эҳтимол каломи маъмули ноаҳлон “сазои сарат аз ин бадтар”- ро мешунид…
Озодӣ ҳам чун шамол аст. Шамол бошад, самти муайяни ҳаракати хешро надорад, гоҳ ба сўйи шарқ мевазаду гоҳ ба ғарб ва дар самти ҳаракаташ метавонад ба ҷануб ё шимол ҳам такя кунад, аз ин рў чангу хок бо ў ҳамеша ҳамроҳ аст.
Пероҳани сафеду ҳарири зимистон ҳам аз ҳамин чангу хоки бо худ овардаи шамол олуда мешавад ва боз шамол қобилияти шикофтани барфро, мисли он ки Шамсия аз ҳавои озодӣ нафас гирифта, андеша накард, ки қалби падару модар ҳам чун барф нозуканд…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан