Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 360 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 360 аз 527 · 2 ноябри 2026

Тук, тук, тук…

  • Ёд дорӣ?
  • Чиро?
  • Шиносоии аввалинамонро?40
  • Магар чунин рўзҳоро фаромўш кардан мумкин аст?
  • Имшаб вақте ки ман туро дар қисмати дигари роҳ ҳамроҳи он духтар дидам, дилам шувӣ кард. Гўё абрҳои осмон ҳам ба ҳоли ман механданд, маро масхара мекунанд. Ҳар қадар ба осмон нигаристам, моҳ он тараф, ҳатто як ситораро ҳам надидам. Гумон намудам, ки ҷисми сарду беҳисе ҳастам ва мардумони роҳгузар ба ман чун ба мурдаи ғарибе, ки дар гӯристони маҳалла ҷой наёфтааст, нигариста бепарво гузашта мераванду мераванд. Не садоеву не гуле…
  • Ту чиҳо мегўӣ?
  • Ин оҳи зор аз дили бемор аст, - гўён ў лабони нозукашро ба лаби ман расонд.
  • Барои ҳамин ҳам вақте ки ман омадам, ту ҳатто сухане ба забон наовардӣ?
  • Ба бахти худат, ки ҳамон лаҳзаҳо Далеру Абдумаҷид бедор буданд, вагарна дарду алами маро интиҳо набуд…
    -Акнун чӣ?
    -Акнун муҳит дигар аст ва дар вазъе, ки банда қарор дорам, ба даҳон об гирифтан хуштар аст.
  • Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад, гуфтани мардумро низ шояд сабаб ҳамин бошад.
  • Ин даъфа косаи дили фалак дар вазъе саршор шуд, ки анҷоми кор ба фоидаи мо ҳал шуд. Обҳои аз косаи фалак рехта истода дар ин шаби тор оташи фурўзонгаштаи таги косаи дили Наталья Васильевнаро бе садо хомўш сохтанд. Он чунон хомӯш, ки то дамидани субҳ ў ҳатто тобу тавони алфози ноҷоеро ба забон овардан надошт...
    Андар, кафи муҳаббат мум аст хора имшаб.41

40 Нигар ба қиссаи Ш. Азизӣ «Оҳ Тамара».
41 Сухан аз Раҳмат Назрӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан