Шамол боз қатраҳои боронро уллоскашон ба шишаи тиреза зад. Наташа ҷисми нозуки хешро ба тани ман ҷафстар намуд, чуноне ки дар байни ду ҷисм ҷое баҳри гузаштани ҳаво ҳам намонда…
- Шукр, ки имшаб дер ҳам бошад, роҳи хонаатро ёфта омадӣ, - гуфт модари Абдумаҷид.
- Ту чиҳо гуфта истодаӣ?
- Имшаб ман туро ҳамроҳи духтари зебое дар рў ба рўи тарабхонаи “Симин” дидам. Шумо баъди лаҳзае ба самти бинои сари роҳ ҳаракат намудед. Агар танҳо мебудед, аҷаб набуд, ки ман худам пеши роҳатонро нагирам, вале ….
- Вале чӣ?
- Вале як ҷавони дигар ҳам ҳамроҳатон буд.
- Косаи сабрам лабрез шуд, гўй.
- Ман донистан мехоҳам, ки туро бо вай духтар чӣ иртиботест?
- Аз куҷо гирифтӣ, ки байни ману вай иртиботест?
- Чунки ту паҳлуи вай гап зада мерафтӣ, ҷавон бошад аз қафои шумо буд.
- Ман инкор намекунам, вале бояд арз намоям, ки ҳамааш аз рўи кор буд. Он ҷавони аз қафои мо ҳаракатдошта лейтенанти милиса Ҷомии Шариф буд. Аслан агар ту аз сари роҳи мо мебаромадӣ, хубтар буд, чунки дар ҳамон ҷо ба суолҳоят посух мегирифтӣ ва косаи сабрат ҳам лабрез намешуд. Акнун ман нав фаҳмидам, ки чаро ту инсонро низ каҷрафтор арзёбӣ намудӣ.
- Чаро ўро ба идораат ҷеғ назадию дар кӯча чун дўст суҳбаткунон ҳамроҳаш қадам задӣ?
- Барои мо натиҷаи кор муҳимтар аст, на ҷои пурсиш.
- Ягон натиҷае шуд?
- Мо ба бисёр саволҳои хеш посух гирифтем, он тарафашро вақт ҳал мекунад.
- Яъне, ман метавонам осуда бошам?
- Албатта.
Қатраҳои борон ин дафъа оҳиста ба шишаи тиреза ангушт заданд ва ин худ гувоҳӣ он буд, ки шамол дигар бо борон даст ба гиребон нест. Тук-туки борон дар нисбати лаҳзаҳои аввали ба тиреза бархӯрданаш ҳам ниҳоят форамтар ба гуш мерасид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




