Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 358 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 358 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Баъди гирифтани суроғаи Мавлуда мо бо ў худоҳофизӣ намудем…
    ...25...
    Косаи фалак лабрез шуд…
    Оби аз он коса фурӯрехтаро шамол бо суръати баланд паҳну парешон намуда бошад ҳам, қатраҳои алоҳидаи онро чун донаи марворид ба тирезаи хона зад…
    Ман, ки қариб дар ҳолати нимхобию нимбедорӣ қарор доштам, аз ин садои мусиқии ноҷӯру дилбазан бедор шудам.
    Шамол ҳар лаҳза пас гашта, аз нав бо суръати баландтаре он донаҳои марворидро ба тирезаи хонаи мо мезад…
    Мисли оне ки мусиқинавоз дар толорҳои калон аз хомӯшии шунавандагонаш илҳом мегирад, хомӯш нишастиани мо низ ба мусиқанавози табиат хуш омад, магар ки ў суръати навозиши хешро ҷонноктар намуд, бехабар аз он ки бо ин амал ба торҳои дили мо нохун мезанад…
    Уллоси навбатии шамол ва ба тиреза ангушт задании он бонуи хонаро ҳам шояд аз хоби ноз бедор намуд ва инро банда аз ҷафсшавии ҷисми ў ба танам дарк намудам. Сипас ў сари хеш болои синаам гузошт ва ман он мўйҳои нозбӯяшро дар байни ангуштониам гирифтам.
  • Чаро хомушӣ? - ниҳоят риштаи суханро ба даст гирифта пурсид ҳамсарам.
  • Чӣ гўям?
  • Ҳарчӣ хоҳӣ, фақат хомӯш наист ҷонам.
  • Ба фикрам, косаи фалак лабрез шуд.
  • Ҳаминаш беҳтар шуд.
  • Чиро дар назар дорӣ?
  • Чун он коса холӣ шавад, осмон зеботар мешавад.
  • Магар осмон зебо набуд?
  • Ду рўз боз осмон дар зери пардаи абр аст ва ҳатто хуршед имконияти нишон додани ҷамоли хешро надорад.
  • Фалакро барои ҳамин ҳам каҷрафтор мегўянд.
  • Инсонро чӣ?
  • Туро нафаҳмидам?
  • Чияш нофаҳмост?
    -Ҳамааш.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан