Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 357 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 357 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Бо шумо дар ин ҷода ҳамақида буда наметавонам.
  • Ихтиёратон.
  • Оё гуфта наметавонед, ки спонсори Парисо кист?
  • Не.
  • Напурсидед, ки дар ин сафар, ки ўро дастгир аст?
  • Пурсидам, вале ў посухи аниқ надод.
  • Ба ҳар ҳол?
  • Ҳамин хел дар омади гап гуфт, ки нафаре аз ў қарздор аст ва мехоҳад акнун қарзашро ҷуброн намояд.
  • Оё ҳангоми вохўрӣ дар “Ёсуман” ў боре ҳам номи ҳамон аксбардореро, ки ба сари шумо ин қадар шӯру валвала овард, ба забон нагирифт?
  • Не.
    -Шумо ӯро тарафдорӣ мекунед?
  • Алихонро?
  • Ҳа.
  • Ба кадом хотир?
  • Намедонам.
  • Ман дар аввали суҳбат ба шумо гуфта будам, ки дар муҳити озод ба воя расидаам. Медонед ин чӣ муҳитест?
  • Албатта.
  • Вале аз суоли додаатон бармеояд, ки шумо муҳити озодро дуруст дарк накардаед. Муҳити озод он муҳитеро гўянд, ки кӯдакон фикри хешро бидуни тарсу ваҳм ба падару модар иброз медоранд. Фарз намудем, агар кӯдак дар хона чойники зебоеро шикаст, чун бифаҳмад, ки падару модараш вайро сарзаниш мекунанд, ҳатман дурўғ мегўянд, вале агар падару модар ўро сарзаниш накарда, насиҳат намоянд, ки аз шикастани чойник дида аз дурўғ гуфтани ў бештар дар шигифтанд, даъфаи дигар ў дурўғ нахоҳад гуфт. Дурўғ гуфтан ин торикии имон аст ва чун кӯдак ба дурўғгўӣ одат намуд, ин бадбахтии волидайн аст, чунки ӯро дар рӯҳияи тарсугӣ тарбия намудаанд. Ман бошам бо ҳама саҳфу хатои содирнамудаам дурўғ гуфта наметавонам. Ҳа, воқеан, мо ана дар ин бино зиндагӣ мекунем. Агар майлатон бошад, марҳамат биёед ман шуморо бо модар ва додаронам шинос мекунам…
  • Сипосгузорем, вале….
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан