- Ду ҳафта пеш шумо ба вай занг задед?
- Не, ў худаш занг зада гуфт, ки ҳамроҳи Ҳусноро ҳарду дар «Вастан» истироҳат доранд ва агар майл дошта бошам, метавонам бо онҳо ҳамроҳ шавам, вале ман гуфтам, ки омада наметавонам. Дар омади гап ў гуфт, метарсам, ки баъд афсўс нахӯрӣ, чунки ман нияти ба Дубай рафтан дорам.
- Ҳусноро кист?
- Дар тӯйи ману Сипеҳр ў низ раққоса буд, вале ман ҳам ўро дигар надидам. Он рўз дар тарабхонаи “Ёсуман” Парисо гуфт, ки Ҳусноро акнун ороишгар шуда кор мекунад.
- Дар куҷо?
- Ба фикрам дар ороишхонаи “Мижгон.”
- Нагуфтед, ки бо Парисо чӣ шуд?
- Ҷисми сарди ўро дар ҳуҷрааш ёфтанд. Аз рўи шунидам, касе кордро ба синааш ҷо намуда.
- Чаро?
- Инашро ман намедонам, вале Мавлуда бандаро бовар кунонида гуфт, ки ў ба Парисо фаҳмонда дода тавонистааст, ки ҳоло ҳам вақт ҳаст аз роҳи пешгирифтааш баргардад.
- Ў розӣ шудааст?
- Ҳа, вале на ў, на ман ва на Мавлуда хатарнокии ин роҳро дуруст дарк карда натавонистем ва бо як амали ноҷои хеш Парисоро ба вартаи ҳалокат ҳаво додем.
- Ман ҳеҷ хатоеро дар кирдори шумо ва Мавлуда надида истодам.
- Чи хел намебинед? Баъди вохўрӣ бо Мавлуда ў ба мамолики Араб рафтанро қатъиян рад намудааст, бехабар аз он ки онҳое, ки расмҳои ўро чун ҳолномааш ба Дубай фиристоданд, бо харидор дар бораи ба он ҷо ҳозир намудани вай шартнома бастанд ва чӣ хеле ки ман худам аз забони Мавлуда фаҳмидам, ҳатто ними пули дар шартнома пешбинишударо гирифтанд, ин ҷо бошад, ў рафтан нахостааст…
- Магар барои ҳамин шарт буд, ки қасд ба ҷони вай намоянд?
- Говорят в этом бизнесе такие бабки крутится.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




