- Зорӣ дорему зӯрӣ не.
- Набошад, боз даҳ ё шояд понздаҳ дақиқа ман дар ихтиёри шумо, ҳар чӣ хоҳад пурсед.
- Шумо дар бораи ким - чӣ хел шӯрии забон гуфтед.
- Агар гўям ҳам, шояд шумо бовар накунед.
- Бовар мекунем.
- Тахминан ду ҳафта пеш як дугонаам ба ман занг зада гуфт, ки нияти ба мамолики Араб ба кор рафтан дорад. - Ман ба ў гуфтам, ки боз нашаваду ба доми кадом як шайхи арабе афтӣ.
Ў бошад гуфт, ки ман як не даҳ шайхи арабро ба ҷар мепаронам. Чун он гуфтугў телефонии буд, ман асли воқеаро ба вай гуфта натавонистам ва пас аз як ҳафта ў боз занг зада, ҳамон суханони хешро такрор намуд. Он рўз ман дар хона будам, вайро ба вохӯрӣ даъват намудам ва мо дар ҳамин “Ёсуман” вохӯрдем. Фаҳмидам, ки ўро Хуршед ном мард дӯст медорад, ҳамаи буду шуди гапро ба вай фаҳмондам ва гуфтам, ки туро ба Дубай барои рақс не, балки барои кадом як фоҳишахонае даъват намудаанд. Бовар накард. Сипас, ба ў суроғаи дугонаам Мавлударо, ки бо фиреб ўро ба мамолики Араб бурда буданд ва бо чӣ азобҳое ў ба Ватан баргашт, додам… - Баъд чӣ шуд?
- Оҳ агар ман мефаҳмидам, ҳаргиз садди роҳи ў намешудам. Акнун хуни ў ҳам дар гардани ман аст.
- Чаро дар гардани шумо, ё шумо ўро куштед?
- Ман ҳатто пашаро озор дода наметавонам, пас чӣ тавр метавонистам қасди ҷони нафаре намоям. Агар чунин қобилият медоштам, пеш аз ҳама ҳамон судяи порахӯрро, ки аз пули бедарди миён қаср сохтааст, мекуштам, вале афсўс, чӣ хеле ки худораҳматии қиблагоҳам мегуфт, «кори ҳар буз нест хирман кӯфтан».
- Дугонаатонро чӣ ном буд?
- Парисо, аслан мо дугона ҳам набудем. Ў дар тӯйи ману Сипеҳр раққоса буд ва баъди оне ки мо ҷудо шудем, вай боре маро дар кӯча дид ва чун аз ҳоли зорам хабар ёфт, хеле афсӯс хӯрд. Ў ягона шахсе буд, ки бандаро гунаҳкор накард ва ҳатто дарду алами доштаи хешро аз ман панаҳ накард. Ҳамин хел мо роздони якдигар шудем ва гоҳ-гоҳ тариқи телефон аз ҳолу аҳволи ҳамдигар хабардор мешудем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




