Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 354 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 354 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Аз тақдир роҳи гурез нест.
  • Аз тақдир мегўед. Шумо бояд фаҳмед, ки он судяи лаънатӣ, ки бандаро дар пеши чашми падару модар, шавҳарам ва боз чандин ёру дўстонам фоҳиша гуфт, худ бо маоши ночизе, ки ҳатто барои серӣ хӯрдану дуруст пӯшидан намерасад ва боз дар тарбияаш панҷ фарзанди ноболиғ дорад, акнун коҳи сеошёнае дар маркази шаҳр бино намуда ва ман ҳеҷ намефаҳмам, ки ў ин маблағро аз куҷо дарёфта. Ман аз ҳисси кунҷковӣ чанд маротиба аз дигарон нархи аслии он қасрро пурсон шудам ва ҳамагон баҳои онро ба ним миллион баробар донистанд.
  • Ним миллион сомонӣ?
  • Ним миллион доллар.
  • Пас чаро аз болои ў шикоят накардед?
  • Ин баробари он аст, ки гӯсфанд барои хӯрдани баррачааш аз болои гургбача ба модараш шикоят мебарад.
  • Бе асос ин хел гапҳоро гуфтан хуб нест.
  • Чӣ хел беасос, ки ў аз падари Сипеҳр барои маро чун фоҳиша, гунаҳкор намудан, ҳазор доллар гирифтааст.
  • Ки гуфт?
  • Худи шавҳарам дар кадом як маҳфили хурде худнамоӣ кардааст, вале афсўс он вақте ки ин гапро ман шунидам, падарам аллакай дар қайди ҳаёт набуд. Модарам бошад, суханони маро шунида худамро гунаҳкор кард.
  • Мо аз сари мавзуъ камее дур рафтем.
  • Ман фаромӯш накардам, шумо донистан мехостед, ки кори он аксбардор чӣ шуд?
  • Ҳамин хел?
  • Одами шӯрбахтро забонаш ҳам шӯр мешудааст.
  • Шамсиябону, шумо худ сар то по муаммоед ва беҳтар мебуд, ки ҳамроҳи мо ана ба ҳамин тарабхонаи зебо, ки номаш ҳам зебост, медаромадед.
  • Ба “Ёсуман.”
  • Бале.
  • Ман мехоҳам аққалан як шаб барвақттар ба хона равам, барои ҳамин ҳам розӣ шудам, ки дар кӯча ҳамроҳи шумо қадам занам, то манзили ман бошад боз даҳ дақиқа роҳ, агар зид набошед.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан