Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 353 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 353 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ҳаволаи бад ба худо.
  • Ба фикрам, шумо аввалину охирин духтари тоҷик будед, ки ҷисми урёни хешро ба мадди назари фотообъективи ў гузоштед.
  • Гумон намекунам, ки чунин бошад.
  • Шумо худ гуфтед, ки ўро аз кор ронданд, модоме ки чунин аст, пас кӣ расмҳои вайро чоп мекунад? Акнун ў чун гови ало дар чашми ҳама метобад ва ҳеҷ як сармуҳаррир розӣ намешавад, ки бо чунин ашхосе, ки аксҳои урён мавзуи асосии асарҳояш ҳастанд, сару кор дошта бошад.
  • Ин аз назари худи шумо.
  • Дар асл чӣ?
  • Дар асл кор дар ин самт бараъкс аст.
  • Чӣ хел?
  • Талабот ба моли хуб дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад.
  • Яъне?
  • Тахминан даҳ сол пеш ман дар Санкт-Петербург будам.
    Ҳамон вақт ман хонандаи мактаби миёна будам ва ҳамроҳи Олия Савченко ном дугонаам ба Эрмитаж рафтам. Бовар намоед, он чи ки дар ин музеи ҷаҳонӣ дидам, ба ақл рост намеояд. Ман ҳамон вақт дарк намудам, ки зебоӣ чист, бехабар аз он ки ҳатто судяи мусулмон рўзе мешавад, пушт ба сўи хуршед гардонида, зебоиро инкор месозад.
  • Чӣ шуморо ба Санкт-Петербург бурд?
  • Ман ба суроғи падарам рафта будам. Падарам ману Олия Савченкоро дар худи Пулково пешвоз гирифт. Он вақт падарам дар институти молияи шаҳри Санкт - Петербург рисолаи докториашро ҳимоя мекард, аз ҳама аҷибаш он аст, ки ў рисолаи докториашро ҳимоя карда тавонисту бандаро аз таъқиби он судяи бефаросат не, мефаҳмед.
  • Албатта.
  • Вале ин ҳанўз анҷоми кор набуд.
  • Он чӣ анҷомест?
  • Падарам баъди он маҷлиси судӣ ба касали қалб гирифтор шуд ва баъди ҳашт моҳ аз дорулбақо ба дорулфано реҳлат намуд. Акнун хӯрондану пӯшондани ду додарчаи хурдсол ва модарам ба души ман афтода.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан