Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 352 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 352 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ихтиёратон, вале воқеа айнан чунин сурат гирифта.
    Баъди ғолиби озмун гаштани Алихон Набипур ёру дўстонаш ўро маҷбур сохтаанд, ки “ғалабаи” хешро таҷлил намояд. Вай бечора ҳам розӣ шудаст ва дар тарабхона дар ҳолати мастӣ ба саволҳои “ёру дўстонаш” чунон посух гуфтааст, ки аз шунидагашон мӯйи бадани шунаванда рост мешавад, бехабар аз он ки дар байни ёру дўстон ҳам хабаркаше ҳаст.
    Субҳи рўзи дигар вақте ки ў ба кор рафтааст, кадоме аз он “дўстон” матни гуфтугуи ўро ба қуттии почтаашон партофтааст ва соате пас ҳамсараш, ки соҳиби як духтарча буд, онро гўш карда, ба ҷои кораш омада, ба қавле дар ҳузури ҳамкорон шавҳарро суханҳои пасту баланд гуфтааст. Аз ин рафтори бонуи хона Алихони Набипур дар ғазаб шуда, дар ҳузури ҳамкорон ҳамсарашро талоқ додааст, аммо он зани аз карда пушаймон ба аризабозию судбозӣ оғоз намуда, дар интиҳо онҳо то ман расиданд ва чун шавҳарам аз корнамоиҳоям огоҳ гашт, чӣ хеле ки худ бохабаред, кафшҳои маро низ пеши по гузошт…
  • Ў ҳам он расмро дид?
  • Агар ў танҳо медид, дарди бахайр буд, он расмро ҳатто ба хушдоманам нишон доданд, сипас ба хусурам ва боз ба чанд ҳамсояе, ки дар ғайбат устухон надоштанд.
  • Баъди ин шумо боз чанд вақт зиндагӣ намудед?
  • Як шабонарўз.
  • Чаро ин қадар кам?
  • Ба ростӣ Сипеҳр (шавҳарам) марди боандеша буд, ки ҳатто як шабонарўзи дигар тоқат намуд, вагарна ў бояд бандаи ношукрро баъди суханони модараш ҳамон лаҳза аз дарвоза бароварда пеш мекард.
  • Акнун аз он амалҳои пештараатон пушаймонед?
  • Хурдкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.
  • Ҳоло бо аксбардор ягон муносибат доред ё не.
  • Не.
  • Бори охирин кай вайро дидед?
  • Бори охирин ўро дар маҷлиси суд дидам, ҳарчанд ў ба ман сухане ҳам нагуфт, вале маҳз вай боиси ҳама бадбахтиҳои мо гашт.
  • Яъне, аз вай домангиред?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан