бӯсидан надорад, ту бошӣ шарму ҳаёро пеши по зада, борҳо тани урёни хешро барои худнамоӣ ба чашми объектив гузоштӣ ва аксбардор тамоюлҳои миллиро пеши по зада, онро ба озмуни рӯзномаи хориҷие фиристод, чунки медонист, ки дар ин кишвар акси гирифтаи ўро касе чоп намекунад.”
- Он чӣ расме будааст, ки ин қадар шӯру валвала барпо намуда?
- Расм “Духтар дар ҳаммом” ном дорад ва дар рўзномаи «Комсомол» чопи Маскав ду сол пеш нашр гардида.
- Аксбардор кист?
- Алихони Набипур.
- Ўро чизе нагуфтанд.
- Баъди шӯру валвалае, ки банда барпо намудам, вай бечораро ҳам аз кор ронданд.
- Ў чӣ бечора аст, модоме ки шуморо ба бало гирифтор намуд?
- Вай гуноҳе надорад, чунки ман худам худнамоӣ кардам.
- Аминам, ки аз ин амалатон соҳиби даромади хубе ҳам шудед?
- Чӣ хел даромад? Наход гумон созед, ки банда барои пул шуда ба чунин амал даст задам.
- Пас бигўед, ки ҳамаи инро сабаб чист?
- Тайи ин ду сол ман акнун чун саги сӯзанхӯрда гаштаам.
Ду сол пеш бошад, ман дар як чашмак задан метавонистам ҷавонеро ба ҷар паронам, вале ман ҳаргиз ба роҳи бад ҳам нарафтам, ба ҷуз он ки ҷисми урёни хешро борҳо дар ҳар намуд ба мадди назари фотообъектив гузоштам. Ман бисёр мехостам, ки баъзе аксҳои ман, албатта, дар шакли урён не, дар саҳифаҳои маҷаллаю рўзномаҳо чоп шаванд ва чӣ хеле гуфтам, ҳатто акси урёни ман дар ҳаммом соҳиби ҷоиза гашт. - Чӣ тавр шуд, ки аз он акс шавҳаратон огоҳ гашт, ё касе даст ба шантаж зада.
- Бадбахтии ҳамаи мардҳо дар он аст, ки онҳо ҳамеша ҳокимияти хешро дар нисбати зан нишон додан мехоҳанд.
Бояд иқрор шавам, ки акси “Духтар дар ҳаммом” на як, балки ду оиларо вайрон намуд. - Бовар намекунам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




