- Дар кӯчаҳои шаҳр қадам зада сайр намоем. Чӣ? Ман тайёрам, ки роҳравон ҳам ба саволҳои шумо посух гўям.
- Майлаш сухан ба худи шумо !
- Ба ман?
- Ҳа, ба шумо.
- Ман ҳатто намедонам, ки шумо ба кадом самти рўзгори банда таваҷҷуҳ доред.
- Аслан таваҷҷуҳи мо ба худи зиндагист, на ба самтҳои он.
- Чун субҳ аз хоб чашм мекушоям, барои шом ҳамёзаи ҳасрат мекашам.
Ҷавонзан бе ягон шаф-шаф шафтолуи гапро гуфт. Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки ў муддати тӯлонӣ ҳам набошад, аз шириниҳои зиндагӣ аз ҷойгоҳи гарм баҳра бурда буд ва акнун шабҳои дароз танҳо болои бистар ғел задан барояш осон набуд.
-Шумо ҳоло ҷавон, пас чаро аз нав оила бунёд накардед? - Ин ба гуфтан осон, - оҳ кашида гуфт ҷавонзан…
- Чӣ хел?
- Ҳамин хел одӣ. Оё нашунидаед, ки зангӣ бо шустан сафед намегардад?
- Ин ҷо зангӣ чӣ дахл дорад.
- Бо ҳама ин ҳусни худодод банда шукр накардам, ношукрӣ бошад ҳаргиз хушбахтӣ намеорад
- Ба ростӣ, мо ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаем.
- Ман аллакай ба шумо гуфтам, ки тайи ду соли охир дари ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро охурча кардам, ё нагуфтам?
- Гуфтед.
- Оё нагуфтам, ки тайи ин ду сол он қадар суханони пасту баланд шунидам, ки ҳисобаш гум.
- Инашро ҳам шунидем.
- Ҳатто судя нафаре, ки бояд дар пойбарҷо мондани оила саҳмгузор бошад, медонед маро чӣ гуфт?
- Аз куҷо донам, модоме, ки мо он ҷо набудем.
- Ў ба ман гуфт, ки “эй ноасл, чӣ тавр ту духтари мусулмон шудаву ҷисми урёни хешро дар ҳаммом ба мадди назари фотообъектив гузоштӣ? Чӣ тавр ту фоҳиша боз даъво мекунӣ, ки аз шавҳарат ҷудо шудан намехоҳӣ. Оё ту боре ҳам андеша намудӣ, ки духтари мусулмонро ҳатто модараш ҳуқуқи

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




