- Ҳамааш ба шумо вобаста.
- Набошад, мо шуморо дар берун интизор мешавем.
- Бисёр хуб, ман борониамро гирифта мефароям, - гуфт Шамсия ва мо ҳар се дар як вақт аз ҷои бархестем.
- Чӣ бо ў хола-хола карда мешинем? - эътироз намуд Ҷомии Шариф.
- Ба ту як маслиҳат медиҳам, рафиқ лейтенант.
- Зид нестам.
- Дар милиса пеш аз ҳама дипломат будан лозим, рафту ҳамин нишонаро дар ниҳодат надидӣ беҳтар аст, ки на худ ва на дигаронро азоб надеҳ.
- Магар рўйирост пурсидани вай чӣ зарар дорад?
- Мо ба нишондоди ў ниёз дорем, на ў ба суҳбати мо. Ба таври дигар гўем, аз як сухани вай мо метавонем ҳама чизро бой диҳем, вале ў чизеро бой намедиҳад.
- Барои мо лозим аст, ки ў тасдиқ намояд, ки ҳамон шаб тариқи телефон аз забони Парисо шунидааст: ки ў на як, балки даҳ шайхро ба ҷар мепаронад, боз дигар чӣ лозим?
- Барои мо лозим аст, ки чаро Парисо чунин алфозеро ба забон овард? Ман гумон мекунам, ки агар савол набудӣ, посух намешуд.
- Яъне, ки Шамсия худ чизе гуфтаву пас Парисо посух дода?
- Ба фикрам, ҳамин хел аст ва хоҳиш мекунам пеш аз муҳлат ба сари мақсад набиё.
- Дар куҷо бо вай суҳбат мекунем?
- Дар куҷое дилаш хоҳад. Айни вақт мо дигар гиреҳе дар бораи марги Парисо надорем.
- Ана ман ҳам омадам, - гуфт Шамсия ва ману Ҷомӣ чашм ба сўи ў дӯхтем. Борони ҷисми харобу лоғари ҷавонзанро пинҳон намуда, ўро ба чашми бинанда боз ҳам зеботар менамуд, ҳарчанд Шамсия худ ҷавонзани зебое буд.
- Ин хеле хуб аст, ки омадед, - гуфт Ҷомии Шариф.
- Хуш, метавонед матлаби хешро баён намоед. Хунук ҳам бошад, дар ин ҷо ман худро нағзтар ҳис мекунам.
- Мо шуморо метавонем ба ягон тарабхона даъват намоем.
- Ташаккур, вале ман ҳамин ҳавои сардро хуш дорам.
- Дар ҳамин ҷо рост истода суҳбат намоем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




