- Гумон мекунам, ки мо ҳатто соате пеш аз анҷоми кори шумо бо ў худоҳофизӣ мекунем.
-Ихтиёратон, - гўён мудири толор аз пайи кори хеш рафт ва тахминан баъди панҷ-шаш дақиқа ҷавонзани ниҳоят лоғарандоме сари мизи мо ҳозир шуда худро муаррифӣ намуд: - Шамсия.
- Марҳамат нишинед, - курсиеро нишон дода гуфтам ман.
- Ман донистан мехостам, ки барои кадом гуноҳам шумо бандаро ҷустуҷў доред? - ба курсӣ амонат нишаста пурсид мусоҳиби навамон.
- Шумо худ чӣ гумон доред?
- Ман тайи ду сол шуд, ки дари ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро қариб охурча намудам, вале касе ба додам нарасид. Аз эҳтимол дур нест, ки шумо баҳри ман хабари хуш овардаед, модоме дар ин шаби тор вақти хешро сарф намудаву омадаед.
- Афсўс...
- Яъне, хабари хуше нест.
- Нест. Ҳатто, намедонам, аз куҷо суханро оғоз намоям.
Шумо баъди шунидани суханони банда гумон доред, ки ману рафиқам (ман ба тарафи Ҷомии Шариф ишора намудам) ба ин тарабхона савҳан омадаем. Аҷаб нест, ки мо ба саволҳои хеш дар ин ҷо посух ҳам наёбем. Дар оғоз бояд арз намоям, ки шумо уҳдадор нестед, ки бо мо дар ин ҷо суҳбат намоед. Рафту агар ҳамин лаҳза бо ангуштатон роҳи баромадро ба мо нишон диҳед, дигар вақти шуморо нахоҳем гирифт.
-Намедонам, чаро шумо ба суроғи банда омадаед, вале медонам, ки ташрифи шумо ба ин ҷо бесабаб нест. Бинобар ин, ваъда медиҳам, ки ба ҳама гуна саволатон посух хоҳам гуфт. - Рафту он посух бар зарари шумо бошад - чӣ?
- Тайи ин ду сол ман он қадар суханони пасту баланд шунидаам, ки ҳисобаш гум.
- Гумон намекунем, ки ҳамин ҷойи суҳбат барои шумо мувофиқ бошад.
- Росташро гӯям, ин ҷо бо шумо суҳбат намуданам чандон хуб нест, вале роҳи дигареро ҳам намебинам.
-Мо аллакай аз мудир рухсати рафтани шуморо гирифтем. - Медонам.
- Пас чаро аз ин ҷо набароем?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




