Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 347 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 347 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Чаро? - пурсидам ман.
  • Мо ба ин ҷо барои ибодат омадаем. Бубахшед, ки чунин мегўям, ман намехоҳам дар масҷид ба ҷуз ибодат ба худо дигар масоиле мавриди таҳлилу андеша қарор гирад.
  • Мо фақат донистан мехоҳем, ки айни вақт бобои Абдурофеъ дар куҷо зиндагӣ мекунад?
  • Бобои Абдурофеъро намедонам, вале келинаш дар тарабхонаи “Симин” пешхизмат шуда кор мекунад.
  • Сипосгузорем, - гўён ману Ҷомии Шариф аз ҷой бархестем.
    Баъди ним соат мо аллакай дар тарабхонаи “Симин” будем. Чун вақт имконият намедод, ки мо ба “ҳуҷуми” партизанӣ гузарем, ман тариқи яке аз пешхизматҳо мудири толорро ба наздам хондам ва матлаби хешро чун намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён намудам.
  • Ман наметавонам бо онҳое, ки дар ҳимояи худи мо камар бастаанд, муқобилият намоям, - гуфт мудири толор, ки зани сӣ-сиюпанҷсолаи баландқомату хушсимое буд.
  • Пеш аз он ки мо бо Шамсиябону суҳбат намоем, мехостем андешаҳои худи шуморо дар бораи ў шунавем.
  • Дар кор ў инсони ҳалиму хушмуомилаест, тарафи дигари зиндагиашро намедонам.
  • Магар ин хуб аст, ки намедонед ҳамкори шумо баъди аз кор рафтан ва дар рўзҳои фориғ аз кор ба чӣ корҳое шуғл меварзад?
  • Хуб аст ё бад, ман чизе гуфта наметавонам, муҳим он аст, ки ў бо ҳамкорон хушмуомила буда, бо мизоҷон забон як карда метавонад.
  • Забон як карда метавонад, гуфта чиро дар назар доред?
  • То кунун ягон мизоҷ аз болои вай шикоят накардааст, боз чӣ мехоҳед?
  • Мехоҳем, ки дар давоми суҳбат касе ба мо халал нарасонад.
  • Ин ҷо тарабхона аст, на дафтари кори муфаттиш.
  • Оё мо метавонем, ӯро бо худ бубарем?
  • Мо ҳамагӣ то соати бисту се кор мекунем ва тайи ҳамин муддат ман ўро ба шумо месупорам, иҷозаи вақти боқимондааш дар дасти ман нест.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан