Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 346 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 346 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дар роҳ Ҷомии Шариф, худ иқрор шуд, ки ба ҷуз бо сокинони он хонаи дар рў ба рўи трансформатор буда дигар бо касе дар ин мавзуъ аз самими қалб суҳбат накардаст. Аз рўи нишондоди лейтенанти милиса сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврўз Умар ҳам бо чандин нафарон вохӯрд, вале чӣ хеле ки Воҳид Камол натиҷаи кори онҳоро баҳогузорӣ намуд, ҳама он кўшишҳо арзиши ду тангаро ҳам надоштанд.
Мо дар вақте озими он маҳалла шудем, ки қисме аз мардум барои адои намози шом роҳи масҷидро пеш гирифта буданд.
Дар ҳамин асно фикре ба сари банда омаду мақсади хешро ба нозири минтақавӣ баён намудам.

  • Ба масҷид меравем.
  • Ҳа, ба масҷид.
  • Ин ягон натиҷае медиҳад?
  • Намедонам, вале гумон мекунам, ки моро аз он ҷо зада пеш намекунанд.
  • Маълум, ки моро пеш намекунанд.
  • Масҷидро хонаи худо меноманд ва ба гумон аст, дар он ҷо касе алфози дурўғро ба забон оварад.
  • Набошад рафтем.
    Баъди адои намози шом мо вориди масҷиди маҳалла шудем ва мақсади хешро баён намудем.
    -Шамсия гуфтед? - пурсид нафаре, ки паҳлуи домулло менишаст.
  • Ҳа, Шамсия.
  • Насабашро намедонед?
  • Не, вале ҳавлии тӯйдор дар рў ба рўи трансформатори тарафи ҷанубу ғарби деҳа воқеъ аст.
  • Ҳа, тӯйи Абдурофеъро мегўед.
  • Абдурофеъ - ин номи домод?
  • Не, номи падари домод, - гуфт ҳамон марде, ки пушт ба тарафи тиреза меистод.
  • Акнун фаҳмидем, - гуфт нафаре, ки аз ҳама ҷавонтар буд.
  • Агар фаҳмида бошӣ, гап зан! - амр намуд домулло.
  • Ҳаргиз.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан