остонаи хона сурат гирифт ва нафаре, ки бори аввал: дар даҳлез суҳбат намудан “хуб нест, марҳамат ба хона гузаред,” - гуфта буд, ин дафъа ҳатто аз ба забон овардани ин калима худдорӣ намуд… Аз ин суҳбати кӯтоҳ ва ба қавле сарироҳӣ ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки бонуи ҷавон ин дафъа бояд дар рекломи маводҳои ҷойи хоб (постельные принадлежности) ширкат меварзидааст.
Аз ҷузвдони дар дастам буда, даъватномаеро бароварда ному насаби Шаҳлоро сабт намуда, дар ҷойи таърихи рўзаш “таъҷилан” навишта бо имзои хеш онро тасдиқ намуда, ба дасти модараш додам ва хоҳиш намудам, ки ҳарчӣ тезтар ба милиса ба утоқи кори рақами 26 ҳозир шавад.
- То рўзи душанбе омадани вайро интизор нашавед, гуфт модари Шаҳло.
- Чӣ оё ў занг ҳам намезанад?
- Модел шудан осон нест, бародар, ҳатто вақт ба сархорӣ ҳам намерасад.
- Ба сархорӣ-ку майлаш, вале агар лаҳза вақт ёфта, аз ҳолу аҳволи хеш шуморо хабардор мекард, нуран алонур мешуд.
Ў ин кинояро фаҳмид ё не, намедонам, вале равғанро дар болои газ мондаам, метарсам оташ нагирад, - гӯён бандаро ба худоҳофизӣ намудан маҷбур сохт…
Ба самти муқобили роҳ гузашта, ба саҳни ҳавлие баромадам, ки дар рў ба рўи бинои дувоздаҳошёна буд. Бе ягон душворӣ писару духтарчаҳои дар саҳни ҳавлӣ машғули бозӣ буда, ба ман манзили Мавҷигулро нишон доданд. Ин дафъа ба бахти ман, нафаре, ки ба ҷустуҷўяш баромадам, дар хона будааст. Мавҷигули Саттор ба саволи банда посух гуфт, ки шаби шанбе аз дасти Шаҳлои Носир китобашро гирифтааст.
...24...
Воҳид Камол бо нокомиҳо ҳеҷ муросо карда натавонист, ки натавонист. Албатта, дигар кас ҳам, ба ҷойи вай мебуд, чунин рафтор мекард. Ин буд, қарибиҳои намози аср ў бандаро ҳамроҳи лейтенанти милиса Ҷомии Шариф аз нав ба маҳаллаи Ҷўйбодом ва Афғонои ноҳияи Рудакӣ фиристод, то дар бораи он арўсу шоҳи номурод маълумот гирд овардем. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки рўзи гузашта онҳое, ки баҳри муайян намудани шахсияти Шамсия, ки ду сол пеш дар ҷашни арўсиаш Парисои Ҳотам ва Ҳуснорои Раҳматулло бо ғамзаи хеш шояд дили садҳо нафарро мусаххар намуда буданд, аз паси панҷа назора намуданд…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




