Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 344 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 344 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • “Соати 2055 дақиқа дугонаам Мавҷигул аз хонаи рў ба рў телефон намуда гуфт, ки «математикаи олӣ»- ро, ки рўзе пеш аз вай гирифта будам, баргардонам. То ман аз модарам рухсат гирифта баромадам, ки боз ду - се дақиқа гузашт. Он шаб лифт кор намекард ва ман аз зинаҳо ба поён давидам…” Аслан ғалаба дар фронтро на танҳо шуҷоати аскарону афсарон, балки тактикаи ҷангии онҳо ҳал мекунад. Агар мо диловар ҳам бошем, набояд аз ҳилаву найранги рақиб ғофил шавем. Баръакс, мо худ бояд бо ҳила рақибро ба вартаи ҳалокат кашем…
    Лозим меомад, ки худи ҳамон рўз нишондоди Шаҳлои Носирро мавриди таҳлили пурра қарор диҳам. Барои чунин як амалеро иҷро намудан Эверест39-ро фатҳ намудан лозим набуд.
    Мо метавонистем тариқи мактуби расми аз шабакаи телефонии шаҳрӣ посух гирем, ки оё соати 2055 дақиқа ягон муштарӣ бо телефони Шаҳлои Носир дар тамос шуд ё не, ин як. Дуюм, мо, дурусттараш ман, бояд ҳамон вақт Мавҷигулро аз бинои шафат ёфта, бо ў суҳбат менамудам, вале афсӯс ки на ин амалро ба анҷом расонидам ва онашро. Акнун, ки қатора кайҳо рафта буд, дигар афсӯсу надомат ҳам суде надошт…
    “Мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро ба сари хеш бизан,”- гуфтаанд мардони ориф. Чун дигар оҳу надомат суде надошт, аз ҷой бархестам…
    Аз дари бинои китобхона берун шуда осмонро дар зери пардаи абри сиёҳ дидам. Рафту агар фасли зимистон намешуд, дар зери пардаи абр мондани осмон табъи ҳамагонро хира мекард, вале дар айни вақт барф ё борон айни муддао буд.
    Ҳар фасл зебогиҳои хешро дорад, зимистон бо барф, баҳор бошад бо борон зебост.
    Баъди чанд дақиқа ман ба автобус нишаста, роҳи хонаи Шаҳлои Носирро пеш гирифтам…
    Кори ман боз омад накард. Аз рўи нақли модараш ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки Шаҳлоро боз ба кадом як кастинге даъват намудаанд ва ин сафари ў танҳо рўзи душанбе анҷом мепазируфтааст. Модар ба қавле аз мурдани хеш хабар дошту аз ҷойи баргузории кастинг не. Ин дафъа суҳбати мо дар

39 Эверест – қуллаи баландтарини ҷаҳон.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан