Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 343 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 343 аз 527 · 2 ноябри 2026

Албатта, андешаҳои банда дар нисбати Шаҳлои Носир то кунун мусбист ва ҳамин хел пойбарҷо хоҳад монд, агар, дар вохӯрии навбати ў инкор насозад, ки Алихони Набипурро намешиносад. Дар акси ҳол ман наметавонам дигар ўро аз “ҳуҷуми” онҳое, ки сояашро дар девор метарошанд, ҳифз намоям.
Чун маҷалла таърихи дусола дошт, банда ба хулосае омадам, ки акси “Барфи аввал” сарчашмаи аввалин қадамҳои Шаҳлои Носир дар бахши реклом аст. Маҳз акс муаррифгарӣ ў чун тарҳсоз (модел) гардида. Агар чунин аст, пас вай низ бояд ҷаҳду талошҳои нафареро, ки ўро ба чунин поя овардааст, қадр намояд.
Маҷалларо болои миз гузоштам, то тавонам андешаҳоямро сари як нуқта гирд оварам. Баъди фикррониҳои зиёде ман ба хулосае омадам, ки аҷаб нест, ки Шаҳло дар ҳақиқат Парисоро ҳамроҳи марде надида бошад... Агар чунин аст, пас ў бояд баробари огоҳ шудан аз ҳодисаи ба сари Парисо омада дар ин бора ба мақомотҳои дахлдор хабар медод, вале ў ин корро накард.
-Чаро?
Ҳамин саволро ману Наврўз Умар ду шабонарўз пештар аз Воҳид Камол шунида будем, вале дар посух гуфтани он лол мондем.
“Агар ў касеро надида бошад, - чӣ?”- нидо омад ба гӯшам аз ғайб.

  • “Чӣ хел надида бошад?”
    -“ Ҳамин хел одӣ.”
  • Магар чунин шуданаш ҳам мумкин аст?
  • Чаро не?
  • Далел?
  • Фарз намудем, ки бо хоҳиши касе ў ин қиссаро бофта бароварда.
  • Бо хоҳиш касе?
  • Ҳа.
  • Пас ў кист?
    …
    Чун саволам бе ҷавоб монд, боз мавқеи авваларо дар самти асосии фронт ба зери назорат гирифтам…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан