Ин даъфа ман он маҷаллаи зеборо ба даст гирифта, ба курсӣ такя намудам ва боз ба он арӯси нозанин, ки бо тайёрии махсус ба истиқболи фасли сармо баромада буд, чашм дӯхтам…
- Дар акс ў фаришта буд, ҳарчанд дар асл ў чунин зебо набуд. Дар асл духтар гурбаи нав аз об буруномадаро мемонд, ин акнун фикрии кунунии ман аст, чун дар лаҳзаи вохўрӣ аввалин ман вайро ба муш шабеҳ дода будам. Ба ҳар ҳол аз муш то ба гурба чанд фарсах роҳ аст ва набояд фаромўш сохт, ки гурба низ чун паланг тезчангол аст. Инро ба он хотир мегўям, ки аҷаб не ҳамин шоҳиди нобаҳангом “чанголҳои хеш”-ро ба қотил намоиш надода бошад…
- Охир ў дар дигар ҷо не, балки дар ҳамин бино зиндагӣ мекард ва ман итминони комил дорам, ки сари субҳи рўзи якшанбе чун ҳама мардуми он маҳал аз ҳодисаи ба сари Парисо омада огоҳ гардида. Пас чаро ў қарзи шаҳрвандии хешро ба ёд наовард? Чаро? - Ба ёд овардам ман суханони Воҳид Камолро, вале ...
На он рўз ва на ҳоло ман ба ин савол посух наёфтам. Ин акнун савол ҳам не, балки муаммое буд, ки ҳалли хешро талаб мекард…
Нигоҳи ман ҳамоно болои ҳамон расм буд, расме, ки дар зоҳир чун фариштаи субҳ зебо…
Ба расми “Барфи аввал” нигоҳ намуда, ман хотираҳои парешони хешро дар атрофи духтари палтопӯш гирд оварданӣ шудам. Чун аз байн на беш аз ду шабонарўз гузашта буд, гирд овардани мавҷи хаёлот дар монитори хотирам душвориеро пеш наовард…
Андешаҳои банда, ки қисме аз бодҳо ва қисме аз ёдҳо буд чун донаҳои марворид озими ресмоне шуда, дар интиҳо шаддаи зебоеро рўи саҳна оварданд… - Шаҳлоҷон, меҳмон аз милиса.
Духтар он лаҳза дасти росташро чун сипар болои қафаси синааш, ки аз чоки гиребон анорҳои навшукуфтаи пеши бараш намоён буданд, гузошта бо нимтаъзиме: - “Хуш омадед, хуш омадед!”- гўён ба қавле бандаро хайрамақдам гуфт.
Ман ҳамон лаҳзаҳо ба хулосае омадам, ки модар дар тарбияи вай заҳмати зиёде кашида.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




