Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 341 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 341 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ман ҳайронам, ки ҳамин шоҳиди гуфтагиатон тайи ду шабонарўзи аввали баъди содиршавии ҷиноят дар куҷо буд.
    Агар ў дар дигар гӯшаи шаҳр зиндагӣ мекард, ман ба суханонаш бовар мекардам, вале акнун боварӣ надорам, ки ў бо амри дил ба мо ёрӣ додан хоҳад. Аслан ин суханони ман не, балки суханони марде буданд, ки сарварии милисаро ба душ дошт.
    Ман боз ба акси дар пешам буда чашм дӯхтам. Шиноси дирўзаи ман бо дасти росташ шохи дарахти кайҳо хазонгаштаро дошта, чашм ба сўйи осмон дӯхта, омад-омади барфи аввалро назора дорад. Аз табассуми малеҳу зебояш пай бурдан душвор нест, ки ў аз омад-омади барф, ки муждае аз зимистон аст, хурсанд аст, вале…
    Магар метавон ботини ўро дарк намуд, ки бо амри дил ба милиса ёрӣ додан мехоҳад ва ё бо супориши касе…
    Тавба, дар ҳама давру замон, хоҳ он саривақтӣ бошад ва ё хоҳ бо дермонӣ, мақбули Худованд аст, вале тавбаи бо дермонӣ вирди забони Шаҳлои Носир гаштаро баҳогузорӣ намудан осон набуд.
    Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳалқаҳои занҷири бо ҳам пайваста яке муқобили дигаре меистоданд. Аслан ҳалқаҳои дар шадда бударо метавон чунин пайвастагие бошад. Парисо
    – Хуршеди Малик, Парисо - Нодир Замон, Нодир Замон – Алихони Набипур, Алихони Набипур – Шаҳлои Носир, Шаҳлои Носир – Парисо. Дар ҳодисаи мазкур аз ду ҷинси латиф яке ҷабрдида ва дигаре шоҳид. Аз ду марди бо ин ду ҷинси латиф шинос буда, яке бе ному нишон гумшуда ва дигаре гумонбаршуда. Марди сеюмро бо ин ду нафар пайвастагие ҳаст ё не, баҳри тафтишот то кунун маълум набуд, вале корди ў баёнгари он буд, ки байни вай ва тоҷиру аксбардор бешак пайвастагие ҳаст.
    Сари ин пайвастагиҳо андеша намудан лозим буд ва банда итминони комил доштам, ки дар охири нақбе, ки мо шикофтани онро ба душ гирифта будем, рӯшноӣ ҳаст. Вагарна ин ҳама ҷаҳлу талошҳо бе натиҷа мебуд.
    Рӯшноӣ дар охири тунел ё худ нақб моро баҳри талошҳои нав ба нав ҳидоят мекард…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан