...23...
Толори матбуоти даврии китобхона қариб, ки холӣ буд ва ҷавонзани дар хизмати мизоҷон буда баробари гирифтани дархости банда аз пайи иҷрои он рафт.
Чун ҷевонҳои толор аз рўзномаву маҷаллаҳои навин моломол буданд, то омадани дархост банда рўзномаи дўстдоштаам «Азия Плюс» - ро ба даст гирифтам ва тариқи он ба вазъи сиёсии ҷаҳон каме ҳам бошад, ошно шудам…
Баъди даҳ дақиқа китобдор ҳам омад ва чанд маҷаллаеро болои миз гузошт. Ба китобдор арзи сипос намуда, маҷаллаи аввалини болои миз гузоштаро ба даст гирифтам. Аслан ин ҳамон рақамҳое буданд, ки сари субҳ банда онҳоро дар манзили аксбардор Алихон Набипур надидам. Ман бо эҳтиёт ҳар як саҳифаро варақгардон мекардам. Танҳо дар маҷаллаи чоруми ба даст гирифтаам диққати бандаро аксе ба худ ҷалб намуд. Акс аслан “Барфи аввал” ном дошта, бонуе палтои зебо дар тан бо дасти росташ аз шохи дарахти себи кайҳо хазонгашта дошта истода ба умед ба сӯйи осмон, ки қатраҳои барф ба рӯю мӯяш бархурда, дар ниҳодаш ҳиссиёти ҷавониро дучанд намудааст, назора дорад… Аксбардор “дӯсти мо” Алихон Набипур.
Ҳарчанд номи бонуе, ки барфи аввали зимистонро истиқбол намуда зери акс сабт нашуда бошад ҳам ман ўро шинохтам.
Духтар ҳамон нафаре буд, ки ман вайро ба муши бур, муши аз об баромада, муши тар шабеҳ дода будам ва акнун фаҳмидам, ки ўро қобилияти бештаре будааст ва дар тахайюлоти кунунии банда ў чун гурба ҷой гирифт. Гурбаи бур, гурбаи аз об баромада, гурбаи тар.
Чун маҷалла худ ранга буд, акси шиноси деринаи банда низ ниҳоят ҷаззоб ба чашм мерасид. Агар ширкати шотландии «Виле КЭТ» акси модели хешро бо либосҳои такпӯши занона дар муқоваи ин маҷаллаи бонуфуз ҷой медод, аз эҳтимол дур набуд, ки ба мо ёрӣ надиҳад, вале…
Ин ҳамаро ба ҷуз хаёли ширин дигар чизе ном бурдани имкон надошт. Ман боз ба ёд овардам, ки сарвари милиса дар атрофии ин “гули худрўй” чӣ андешае дошт. Ана ёбу гир.





