Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 339 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 339 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Пас чаро ўро ҳабс накарданд?
  • Инашро намедонам, шояд аз сармуҳаррири маҷалла мепурсидед.
  • Гумон доред, ки вай ягон чизро медонад.
  • Аз кор пеш намудани чунин афроди пасту палид барои сармуҳаррир осон набуд. Ў то куҷое даъво накард. Дигар на генерал монду на вазир, вале сармуҳаррир касеро гуш накард ва сипас чӣ балоҳое ба сари хеш наовард. Чун инсони покдилу покният буд, аз варта берун омад, вагарна агар заррае гуноҳ медошт, худо медонад чӣ корҳое намешуд.
  • Чӣ тавр метавонад кадом як аксбардоре ба генерал ё вазир таъсир расонад.
  • Инро беҳтар мешуд аз худаш мепурсидед.
  • Мардуми маҳалла дар бораи вай чӣ андеша доранд?
  • Ҳар кӣ мекӯшад худро аз чунин ашхос дуртар бигирад.
    Аслан шиносоӣ бо чунин ашхос мояи ифтихор ҳам нест, хоҳиш мекунам маро дуруст фаҳмед.
    -Шуморо фаҳмидам, - гуфтам ман ва аз ҷойи бархестам.
    Лаҳзае пеши дар таваққуф намуда боз ба мусоҳибам, ки шояд ҳарчӣ тезтар аз он “маҳфил” баромадани бандаро орзу мекард, нигариста гуфтам. Рафту агар лозим шуда монед, мо шуморо боз ба идора даъват мекунем.
  • Ба гумон аст, ки аз он чӣ гуфтам ман бештар чизеро ба ёд оварда тавонам.
  • Дар амони худо бошед, - гўён ман аз дар баромадам.
    Дигар интизори омадани лифт нашуда, аз зинаҳо ба поён ҳаракат намудам. То ба беруни бино баромадам ман чанд маротиба суханони гуфтаи Меҳрафрўз: - “одамрабоён пеш аз интиқоли “мол” рекламаи онро ба дасти харидорон мефиристоданд”- ро ба ёд овардам. Дар мизони ақл ман суханони котибаро бо суханони сармуҳаррир, ки марди ҷасуре будааст: - “Порнография, шантаж ва туҳмат” баркашидам ва дар интиҳо боварӣ ҳосил намудам, ки Алихони Набипур марди нопокест. Агар чунин набудӣ, ҳеҷ кас кафши вайро бегуноҳ пеши пояш намегузошт…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан