- Чӣ хел ваъда, шумо чиҳо гуфта истодаед?
-Ба ҷуз сухани рост ҳарфи дигаре ба забон нахоҳед овард. - Магар шумо асосе доред, ки бандаро ба дурўғ гуфтан айбдор намоед?
- Не, албатта.
- Пас беҳтар аст ба сари мақсад биёед.
- Ман дар бораи Алихони Набипур донистан мехостам.
- Сараввал донистан мехостам, ки чаро дар ин бора ба ман муроҷиат намудед ва хоҳиш мекунам, ки худро муаррифӣ намоед, вагарна ман каломе ба забон нахоҳам овард.
Ман ҳам каломе ба забон наоварда, шаҳодатномаи хизматиамро ба дасти мусоҳибам додам. - Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ?
- Чӣ хеле ки мебинед.
Меҳрафрўз шаҳодатномаи бандаро ба дастам дода, боз ҳамон саволи аввалаи хешро такрор намуд: - Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ?
- Ҳамаи инро сабаб он аст, ки шумо дар як кӯча зиндагӣ мекунед, ба ҷуз ин муддате дар як идора кору фаъолият намудаед.
- Инкор намекунам, вале ба гумон аст, ки ман дар ин бора ба тафтишот ёрӣ дода тавонам.
- Ман донистан мехостам, ки чаро ў аз кор рафт.
- Аниқашро намедонам, вале то ҷое, ки ман фаҳмидам, кашфҳои вайро пеши по мондаанд.
- Барои кадом гуноҳаш?
- Дар ёдатон бошад, ду сол пештар як гурӯҳ одамрабоёнро, ки духтарони ҳаммиллати хешро ба мамоликҳои дигар мебурданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд.
- Дар ёдам ҳаст, вале ин ба Алихони Набипур чӣ пайвастагие дорад?
- Ба таври ростхата ҳеҷ, вале ғайримустақим ўро айбдор намуданд.
- Барои кадом гуноҳаш?
- Барои он расмҳое, ки...
- Чаро суханатонро буридед?
- Намедонам, шунидаҳоям то ба кадом андоза ба ҳақиқат наздиканд, вале то ҷое ки ман фаҳмидам, одамрабоён пеш аз интиқоли “мол” рекламаи онро ба дасти харидорон мефиристоданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




