- Меҳрафрўзро дидан мехостам.
- Ин ман, - табассуми латифе намуда гуфт духтар ва сипас курсиеро нишон дода, бандаро ба нишастан таклиф намуд.
Ў духтари гандумгуни баландқомате буд. Бинии теғадор ва чашмони чун олу зебое дошт. Доғҳои кунҷикатдори рўяш ба андешаи банда ҳусни зебои ўро каме ҳам бошад мекоҳонд, вале кӣ медонад, ки аз нигоҳи дигаре ин доғҳо ба ҳусни ў ҳусни нав зам намекарданд. Ў аслан духтари бист - бистусесолае буд. То ҷое ки банда фаҳмидам, ҳар чанд ҳанўз бо ў суҳбат накарда будам, ў вазифаи котибаро ба душ дошт ва хулосаи хешро ба он асоснок намудам, ки аз дохили он ҳуҷра боз дари дигаре, ки болояш бо нимчарми сиёҳ пӯшонида шуда буд, ба чашмам расид. - Шумо ба назди ман ё ба назди шеф? - ба тарафи он дари боҳашамат ишора намуда гуфт Меҳрафрўз.
- Шумо худ чӣ гумон доред?
- Шеф ним соат пеш ба маҷлиси ҳукумати шаҳр рафтанд ва ба гумон аст то нимаи дуюми рўз баргарданд.
- Аслан бандаро бо вай коре нест.
-Ман шуморо бори аввал мебинам. - Инаш рост.
- Шуморо гӯш мекунам.
-Донистан мехостам, ки шумо дар кадом кӯча зиндагӣ мекунед? - Инашро, албатта, ман ба шумо нахоҳам гуфт.
- Чаро?
- Чунки ман шуморо бори аввал дида истодам ва ҳатто намедонам, ки шуморо чӣ фикру хаёле дар сар аст.
- Шуморо бовар мекунонам, ки фикру хаёли баде ҳаргиз маро дар сар набуд ва ба гумон аст, ки шавад.
- Ин ҳанўз асос шуда наметавонад, ки банда суроғаи хешро ба шумо гўям.
- Набошад ман суроғаатонро мегўям ва шумо метавонед ҳатто бо ишораи сар онро тасдиқ ё рад намоед.
- Оё намешавад, ки матлабатонро рўйирост баён намоед.
- Агар шумо ваъда диҳед, ки ….

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




