Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 336 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 336 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ин субҳ ман бо вай вохўрӣ доштам ва ҳатто аксҳои бардоштаи вайро ҳам дида баромадам, вале дар байни онҳо ягон расмеро, ки аз доираи одоб берун бошад, надидам.

  • Эҳ кошкӣ, ҳамааш чун гуфти шумо мебуд.
    -Шуморо нафаҳмидам.
  • Бараъакс, маро нағз фаҳмидед.
  • Агар шуморо нағз мефаҳмидам, чӣ лозим буд таваҷчуҳи дигар намуданам.
  • Чунки шумо ба ҳамаи саволҳоятон дар ҳамин ҷо ҷавоб гирифтан мехоҳед, вале ба гумон аст, ки ман аз ин беш чизе гуфта тавонам.
  • Метавонед.
  • Рафту ман нахоҳам - чӣ?
  • Дар он сурат ман ба хулосае меоям, ки ҳама он навиштаҳоятон дар бораи пайдоиши нопокоиҳои ҷамъият ва роҳҳои мубориза бо он асоси воқеӣ надоранд.
  • Ихтиёр шуморост.
  • Пас ин чӣ хел мешавад?
  • Нағз мешавад.
  • Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро шумо ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳед?
  • Ман аллакай ба шумо ёрӣ додам, андеша намоед.
    Дигар сари ин масъала баргаштан маъние надошт ва ман бо сармуҳаррир - бо он марде, ки навиштаҳояш касеро бетараф гузошта наметавонад, хайрбод гуфтам.
  • Порнография, шантаж, туҳмат…
    Аҷаб набуд, ки ҳақ ба ҷониби сармуҳаррир набошад. Боз чияш нофаҳмо. Гапи бисёр ба хар бор…
    Сипас ман ба ошёнаи ҳаштум баромадам, то Меҳрафрўзро бубинам.
    Дар замоне, ки ман пой ба долони ошёнаи ҳаштум гузоштам, лифт ҳам боз истод ва ду нафар аз он бурун омаданд.
    Матлаби бандаро шунида, яке аз онҳо бо ангушташ ба даре аз самти рости даҳлез ишора намуд.
    Лаҳзае пас ба ҳамон дар ангушт задам. Чун овозро аз самти муқобил шунидам, дарро кушодам. Бонуе сари компютер нишаста, чизе менавишт ва баробари дидани банда шояд аз рўи эҳтиром бошад, ки аз ҷояш бархест ва ба саломи банда посух гуфт…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан