Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 335 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 335 аз 527 · 2 ноябри 2026

Бо рухсати сарвари ШКД ман аз дафтари кори ў берун шудам…
...22...

  • Аз милиса гуфтед?
  • Аз милиса, - гўён ман шаҳодатномаи хизматиамро ба дасти мусоҳибам, ки дар болои дараш “Сармуҳаррир” навишта шуда буд дароз намудам.
  • Марҳамат, гузашта шинед, - гуфт ў шаҳодатномаро гирифта истода.
  • Дар ҳоле ки ў бо ҳуҷҷати расмии банда шинос мешуд, ман симои мусоҳибамро, ки на як бору ду бор дар воситаҳои ахбори омма дида будам, пеши назар овардам. Ҳатто ба гўшаи хотир ҳам овардан душвор буд, ки маҳз ҳамин марди лоғарандом чанд сол пеш тариқи рўзномаи ҳукуматӣ сарчашмаи ҳама гуна нопокиҳои ҷамъиятро ба қалам дода ва ҳатто роҳҳои аз ин варта баромаданро низ пешниҳод намуда буд.
  • Шуморо гӯш мекунам, рафиқ майор, - гуфтани сармуҳаррир бандаро аз идомаи андешаҳои минбаъда раҳо намуд.
    Ман шаҳодатномаи хизматиамро аз дасти сармуҳаррир гирифта, сипас матлаби хешро дар доираи муайян баён намудам.
  • Чӣ магар ў ягон ҷиноят содир намуд?
  • Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале тафтишот дар нисбати бегуноҳии вай низ далеле дар даст надорад.
  • Агар шумо дуруст фаҳмида бошам, тафтишот ба ў чун ба гумонбаршуда нигоҳ мекунад.
  • Ҳамин хел.
  • Алихони Набипур ба ҳар кор даст зада метавонад, вале ба куштор бовар намекунам…
  • Ба ҳар кор гуфта чиро дар назар доред?
  • Порнография, шантаж, туҳмат…
  • Чаро ба куштор не?
  • Чунки ў марди тарсуст, одами тарсончак бошад, кордро ба даст гирифта наметавонад, вале дар он намуди корҳое, ки банда аллакай гуфта гузаштам, ў устои касби хеш аст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан