- Бисёр хуб, акнун бигўед, ки он суратгирро ёфтед?
- Бале.
- Ягон гиреҳе ба даст омад?
- Не.
- Чаро?
Ман маҷбур шудам натиҷаи вохӯрии субҳгоҳии хешро бо Алихони Набипур дар шакли аслиаш нарезондаю начаконда, ба самъи сардори милиса расонам. - Яъне, ки на дар албомҳо ва на дар рўзномаю маҷаллаҳо ягон гиреҳе нест, ки аз нўги он имкони доштан бошад?
- Нест.
- Рафту агар мо дар он хона кофтуков гузаронем - чӣ?
- Ба гумон аст чизе дарёбем.
- Яъне агар нишонае ҳам буд, аллакай Алихони Набипур илоҷашро дарёфт.
- Ҳамин хел.
- Баҳри чунин хулосабарорӣ чиро асос намудаед?
- Ҳамон рўзномаю маҷаллаҳои овардаашро.
- Дар асл агар чунин бошад.
- Дар байни он маҷаллаҳое, ки Алихон Набипур чун аксбардори расмӣ кору фаъолият намудааст, чанд маҷалла намерасид.
- Аз рўи тартиби рақам?
- Бале.
- Гумон доред, ки…
- Бе санҷиши аслӣ чизе гуфтан душвор.
- Акбар Ҳакимович, илтимос боз як кӯшиш намоед, аз чӣ бошад, ки ман ҳеҷ боварӣ надорам, ки ўро бе гуноҳ аз кор пеш карда бошанд.
- Имрўз ман ҳатман ба идораи ҳамон маҷалла меравам.
- Соате пештар Ҷомии Шарифро барои овардани ҳамсари Нодир Замон фиристодам, дурусттараш ман ба Наврўз Умар супориш додам ва сипас ў занг зада гуфт, ки нозири минтақавиро фиристодааст. Агар ўро оварда бошанд, метавонед ба саволҳои хеш ҷавоб гирифта пас равед. Дар акси ҳол интизор шуданатон маъние надорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




