- Тамом?
- Ҳа.
- Пас ба кадом хулоса омадед?
- Ҳақ ба ҷониби он нафарест, ки соҳибмансаб аст, вале дар асл ин амал нодуруст аст.
- Далел?
- Шумо худ аз ман беҳтар медонед, ки аксари он нафароне, ки соҳиби унвону вазифаи баландтар гаштаанд, ҳамеша обро лой намуда, моҳӣ доштанд. Дур нарафта ба ёд биёред Оташакро38.
- Масрури Мӯсо аллакай полковник аст. Ҳафтае пеш ўро дар маҷлиси Раёсати шаҳрӣ дидам, имрӯз ё фардо ў муовини сардори раёсат мешавад, шумо бошед...
- Оё гуфтанӣ нестед, ки ба худодода ситеза макун, ки ўро худо додааст?
- Не, ман худ заҳрпечакҳоро чашми дидан надорам, чунки барои чунин афроде чун Масрури Мӯсо шаъну шараф виҷдон ва имон вуҷуд надорад, вале чӣ илоҷ, ки замона чунин аст ва гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, бо замона бисоз, ки ҳаррўза балост. Масрури Мўсо бошад, бо замона ҳамқадам аст, ў як медиҳаду сад мегирад, даҳ медиҳаду ҳазор мегирад ва чунин нафарон аз кайк ҳам баҳри пӯстин чарм мегиранд.
- Яъне, шумо инкор намекунед, ки онҳо пушту паноҳи олами ҷиноианд.
- Не, албатта.
- Бе ҷазо мондани ҷинояткор ин худ оғоз аз тавлиди беҳокимиятӣ ва бе қонунист.
- Барои ворисон унвону мансаб аҳамияте надорад. Фақат кори неку номи нек инсонро сазовори эҳтиром мекунад.
Итминони комил дорам, ки фарзандонат ба номи чун падар фахр хоҳанд кард. Ҳарчанд суханони шумо баъзан қалби касро мешикофанд, вале онҳо ҳидоятгари роҳи ростанд, вале ба гумон аст, ки ҳама қобилияти шунидани сухани ростро дошта бошанд…
38 Оташак – (Масрури Мӯсо) нигар ба романи Ш.Азизӣ, “Нигоҳе бо баҳои
ҷон.” - Мефаҳмам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




