Ин ба он хотир, ки волидайн ва ҳамсарашро ором намоянд, то онҳо ба ягон ҷо муроҷиат накунанд. Дар ин ҳолат онҳое, ки қасди ҷони вай намудаанд, имконияти бештари ба манфиати хеш истифода бурдани вақтро пайдо кардаанд. Панҷум, худи Нодир Замон аз қафои хеш таъқибро ҳис намуда, аз волидайн ва ҳамсар хоҳиш намудааст, ки бо чунин роҳ таъқибгарон (яъне милисаро) ба иштибоҳ андозанд. Агар чунин аст, ман гумон мекунам, ки ў дар марги Парисои Ҳотам ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим гунаҳкор аст. Шашум, аз эҳтимол дур нест, ки худи собиқ ҳофизи тӯйгард спонсори асосии ба Дубай бурдани Парисо набошад. Чӣ хеле ки дирўз ҳангоми пурсиш Рафоати Муҳаммад иқрор шуд, Парисо борҳо ба вай гӯшрас намудааст, ки дигар хешбачаат то қиёмат аз ман халосӣ надорад. Аз ин бармеояд, ки Парисои Ҳотамро бо собиқ ҳофизи тўйгард, ки ҳамеша бо замона ҳамқадам будааст, кадом як риштае мепайвастааст. Рафту агар чунин бошад, моро лозим аст, ки ба рафти воқеаҳо аз ду самт дар асоси қонунҳои дедуксия (ҳаракат аз самти ҷабрдида ба қотил) ва индуксия (ҳаракат аз қотил ба самти ҷабрдида) амал намоем...
- Пас чаро ҳаракат намекунед?
- Чунки то кунун дарё маҷрои хешро нагирифтааст.
- Пас кист гунаҳкор?
- Албатта, мо.
- Ман чӣ?
- Агар шумо худ гуноҳро ба гардан гиред, вагарна аз дасти мо мардуми авом чӣ ҳам меояд? Шумо худ нағз медонед, ки калтакро ба ҷуз ятим дигар касе намехўрад.
- Ятим ин шумо?
- Бале.
- Акбар Ҳакимович, тайи ҳамин солҳои бо ҳам кор намудан ман на як бору ду бор баҳри ба пояи баландтаре баромадани шумо талош варзидам, вале ҳамааш бе натиҷа баромад, оё худи шумо, ки донишу маҳорататон дар сатҳи баланд аст, боре ҳам андеша накардед, ки чаро чунин аст?
- Андеша намудам.
- Кай?
- Дирўз, вақте ки нафаре аз мансаби хеш ёдовар шуд.





