Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 331 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 331 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Волидайни вай кормандони моро бовар кунонидаанд, ки писарашон шоми рўзи душанбе аз Дубай занг зада огоҳ намудааст, ки соқу саломат расидааст.
  • Ин ҳанўз баёнгари маънии аслии ба Дубай расидани Нодир Замон нест.
  • Шуморо гӯш мекунам.
  • Чун ҳодиса ҳодисаи одӣ нест, онро аз чанд паҳлу ё худ кунҷ нигоҳ кардан лозим меояд.
  • Андешаҳои шумо.
  • Якум, мо наметавонем ба хабари расмии ширкати ҳавопаймои «Сомон Айр» бовар накунем. Модоме ки чунин аст, пас Нодир Замон он рўз имконияти ба Дубай парвоз намудан надоштааст, дурусттараш ба Дубай парвоз накардааст. Дуюм, рафту бо кадом як роҳи дигар фарз намудем бо чиптаи бегонае парвоз намуда бошад, пас ўро сабабест, ки он дар чаҳорчўбаи қонун рост намеояд. Ба таври дигар гўем, ў аз ҷазо гурехта истода ба ин кор даст задаст. Дар ин кор бошад, ба ў кадоме аз кормандони фурўдгоҳ ёрӣ дода, албатта ин ёрӣ ҳам беғаразона набудагист. Сеюм, чун Нодир Замон тоҷир аст ва бо пули калон сару кор дорад, аз эҳтимол дур нест, ки ўро аз рўи ҳамин шуғлаш барканор накарда бошанд. Ин андешаи хешро бо он муҷаҳҳаз мекунам, ки субҳи рўзи душанбе ў ба бозори “Корвон” рафта, аз дасти фурӯшанда дусаду бистучор ҳазору ҳаштсад сомонӣ гирифтааст. Гумон мекунам, ки ин маблағи охирине набуд, ки ў дар даст дошт. Албатта, ҳамаи инро вай бояд бо асъори хориҷӣ ё худ валюта ба он ҷо мебурд. Аз ин бармеояд, ки ў бояд баҳри иваз намудани он маблағ ба ягон пункти мубодилаи асъор муроҷиат мекард. Чун фурўшанда моро бовар кунонид, ки Нодир Замон худаш танҳо аз бозор баромад, бояд иброз намуд, ки кадоме аз дўстонаш ё худ таксие вайро дар даромадгоҳи бозор интизор буд, чунки ў ҳатто вақти дубора ба хонааш рафтан надошт. Модоме ки ўро чунин вақт дар ихтиёр набуд, пас бояд бо худ сумкаи сафарӣ медошт, вале Рафоати Муҳаммад ўро дасти холӣ дида будааст. Чаҳорум, агар касе марги ўро хоҳон буд, пас нақшаи ин амалро низ сари вақт кашида ва чун Нодир Замон на як бору ду бор ба Дубай рафта буд, аҷаб нест нафаре, ки нияти вайро аз байн бардоштан дошт, сабти пештараи овози вайро надошта бошад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан