Тайи солҳои дар милиса кор намудан “кроссворд”-ҳои зиёдеро ҳаллу фасл намуда будам, вале “кроссворд”-и мазкур қуллаи баландтарини ҳама он муаммоҳои пешин буд…
Ҳарчанд ки то ҳамин лаҳзаҳо ман аз зинда будани Нодир Замон шубҳа доштам, ин ҷо бошад… Занги телефони… Аз Дубай. Ана ёбу гир, ҳеҷ нафаҳмидам, ки нафаҳмидам…
Бо амри тасодуф буд ё не, вале ману Воҳид Камол дар як вақт вориди бинои милиса шудем. Ман аз самти кӯча ва сарвари ШКД аз самти муқобил аз саҳни ҳавлӣ ба даҳлези бино даромадем. Вохўрии ногаҳонӣ дар ҳолате рух дод, ки банда аз он дурӣ меҷустам, чунки дастоварде дар даст надоштам, вале чӣ илоҷ ки “дузд ҳам худо мегўяду, соҳиби гов ҳам.”
- Акбар Ҳакимович, ба назди ман дароед, - гуфт Воҳид Камол ва ба тарафи дафтари кориаш ҳаракат намуд. Ман ҳам ноилоҷ аз пайи ў қадам задам.
- Дирўз шумо бандаро бовар кунонидед, ки Нодир Замон ба Дубай парвоз накардааст ё нагуфтед? - баробари ба курсӣ нишастанамон пурсид, сарвари ШКД.
- Инкор намекунам.
- Ҳамчунин, бандаро бовар кунонидед, ки хабар дар асоси дархости прокуратура аз ширкати «Сомон Айр» гирифта шудааст.
- Дар асл ҳамин хел буд ва ман худам мактуби аз ширкати мазкур омадаро мутолиа намудам.
-Акнун шумо, рафиқ майор, ба ман фаҳмонда диҳед, ки чӣ тавр шахсе, ки дар вақти парвоз ба фурӯдгоҳ ҳозир нашудааст, аз Дубай занг задаст? - Аз Дубай? - худро ба нодонӣ зада пурсидам ман то лаҳзае ҳам бошад гузашти вақтро ба манфиати хеш ҳал намоям.
- Ҳа, аз Дубай, ё гумон доред, ки ман шӯхӣ мекунам.
- Не, ман ҳеҷ гуна гумон ҳам надорам.
- Пас ба ман бигўед, ки чӣ тавр ў аз Дубай занг задаст?
- Занг задани вайро сараввал собит намудан лозим. Ман гумон намекунам, ки ин хабар чун хабари ба фурудгоҳ ҳозир нашудани ў манбаи расмӣ дошта бошад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




