Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 329 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 329 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Охир ман худам ин субҳ шуморо дидам, ки ба ҳамон тараф, дурусттараш ба ҳамон кўча рафтед.
  • Ту чӣ, аз қафои банда назорат мебарӣ?
  • Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ майор. Ман ин субҳ каме ҳам бошад, аз кор дер мондам ва маҷбур шудам таксиеро боз дорам. Дар чорраҳа чароғаки сурх моро манъ кард ва нохост чашмам ба шумо афтод, ки ба самти ҳамон кӯча ҳаракат доштед. Бояд иқрор шавам, ки соли аввали донишҷўии ман дар ҳамон кӯча иҷоранишин будам.
  • Акнун бовар намудам.
  • Оё ба он ҷо рафтани ман зарурате дорад, боз нашаваду аз бетаҷрибагӣ…
  • Ман дар ҳақиқат дар ҳамон кӯча будам, вале бо баъзе сабабҳо ҳатто ба хонаи дусаду шонздаҳ рафта натавонистам.
  • Яъне, ҳамсари Нодир Замонро надидед?
  • Надидам.
  • Бо иҷозаи шумо.
  • Ист!
  • Шуморо гӯш мекунам, рафиқ майор.
  • Волидайни Нодир Замонро дидед?
  • Ҳа.
  • Онҳо дар бораи писарашон чӣ хабар доранд?
  • Мегўянд, ки ҳоло дар Дубай аст?
  • О ба онҳо нафаҳмондед, ки писарашон ҳатто ба фурудгоҳ нарафтааст.
  • Ин хел нагуфтам, вале фаҳмидам ки шоми рўзи душанбе вай аз Дубай занг зада волидонашро огоҳ сохтааст, ки соқу саломат ба Аморати муттаҳидаи Араб расидааст.
  • Дигар баъди он рўз ў занг назадааст?
  • Не, падару модараш гуфтанд, ки шояд Нодир ба ҳамсараш занг зада бошад. Барои ҳамин ҳам банда ба манзили онҳо рафтанӣ будам.
  • Ин хел бошад, вақти қимати шуморо, рафиқ лейтенант намегирам.
    Ҷомӣ дар як миҷа задан худро дохили автобуси навбатӣ гирифт ва ман ба тарафи идора қадам задам. Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр шахсе, ки дар лаҳзаи парвоз ба фурудгоҳ ҳозир нашудааст, аз Дубай занг задаст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан