Ман ҳатто аниқ гуфта наметавонам, ки буду шуди бойгонии аксбардори аз кор рондашуда танҳо ҳамон маҷаллаву рўзномаҳои дидаи ман аст.
“Умри дурўғ кутоҳ аст,”- гуфтани мардумро шояд сабаб он бошад, ки аз дурўғгӯи касе ба мақсад нарасидааст. Чӣ лозим буд, ин ҳама бузбозиҳо дар ҳоле, ки давлат пуштибони ман буд. Оё беҳтар набуд, ки баробари дарвозаро кушодани соҳибхона ман шаҳодатномаи хизматиамро ба вай нишон диҳаму дар асоси қонун аз ў ба саволҳои гузоштаам посухи расмӣ талаб намоям, вале ман…
Дигар кас агар чунин рафтор мекард, аҷаб набуд, ки ман дар рўяш ҳайфи ту нагўям, вале рафту ин суханро дар нисбати хеш шунавам, аҷаб нест хафа нашавам, бехабар аз он ки ҷав кишта интизори гандум шудан аз камоли беақлист. “Қанд ҳам хурдӣ дам мазан, фанд ҳам хурдӣ дам мазан...” ...21...
Ҷомии Шариф, ки нав ба автобус нишаста буд, баробари дидани банда чун тири аз камон ҷаста аз он берун омад.
Чунинашро интизор набудам. Аз он чӣ ки лейтенанти милиса аз автобус берун омад, ман ба хулосае омадам, ки ўро чӣ асрори ниҳоне дар дил аст ва бо дидани банда он сирри дар замираш нуҳуфта тариқи рагҳои хунгард то нўги забонаш омада…
Лаҳзае ҳам бошад рўи роҳ таваққуф намудам, то ба вай “ёрӣ” диҳам.
- Салом, рафиқ майор, - баробари наздик шудан даст ба чака бурдаву соқҳои мӯзаашро чун ҳарбиён ба ҳам зада, ба таври расми бандаро истиқбол намуда гуфт ў.
- Салом, рафиқ лейтенант, ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чаро аз автобус фаромадед?
- Наврўз Умар бандаро ба кӯчаи Сафедорон, хонаи 216 фиристод, чун шуморо дидам хостам фаҳмам, ки рафтани ман ба он ҷо зарурате дорад ё не.
- Намедонам.
- Чӣ шумо ин субҳ дар он ҷо набудед?
- Не.
- Аҷиб.
- Чӣ ҷои тааҷҷуб?





