Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 327 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 327 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Магар бо як аксбардорӣ дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст, зиндагонӣ кардан мумкин аст?
  • Шумо худ чӣ кораед?
  • Сохтмончӣ, дурусттараш, дар як трести сохтмонӣ ба сифати муҳандис кору фаъолият дорам.
  • Модоме ки чунин аст, пас бояд бидонед, ки ҷавонони ҳозира мисли гузаштагони хеш нестанд, ки дар девори болои бистари ҳуҷраи хобашон расми паланг ё оҳуеро дар биёбон овезон намоянд. Акнун ба ҷойи оҳую паланг онҳо аз рўи таъби дили хеш аксеро меовезанд, ки чашм аз тамошояш сер нашавад…
  • Ташаккури зиёд, акнун бо иҷозаи шумо; - ман омин гуфта аз ҷой бархестам ва боз соҳибхонаро ҳам бовар кунонидам, ки рафту ҳамсарам бандаро дар ин кор (модел шудани духтарамон) дастгирӣ намояд, рўзи якшанбе ҳамроҳи Нозанин боз ба назди вай хоҳам омад.
  • Дари мо ба рўи дўстон, ба рўи онҳое, ки зебоиро қадр мекунанд, ҳамеша кушода.
    Сипас соҳибхона бандаро то пеши дарвозаи ҳавлиаш гусел намуд ва ман ба тарафи роҳи калон ҳаракат намудам…
    Аз он чӣ ки банда то ба сарчашма нарасидам, айби худи ман шуд, ки шохобро дуруст интихоб накардам ва чун онро хушкида дидам, ба ҷойи пеш рафтан ба қафо баргаштам, бехабар аз он ки шояд об аз кам буданаш ба зери сангу регҳо даромада, аз назар пинҳон шуд. Барои ин сабурӣ лозим буд, то бандаро ба саргаҳи он шохоби хушкида бубарад ва аз он ҷо то худи сарчашма ду қадам роҳ буд. Шояд оби сарчашма бо шохоби дигаре ба самти рӯди калон равон буду равон, вале чун дар харитаи маҳал он рӯд нишонае надошт, мо низ баҳри дарёфташ талоше накардем…
    Воҳид Камол супориш дод, ки аз пайи ҳамон рўзноманигор - суратгир шавам, вале ман ба ҷои ба суолҳое, ки посухи аниқ мехостанд, чӣ афсонаеро бофта набаровардам.
    Афсонаеро, ки аз он бемаънитарашро нашунида будам. Гумон намудам, ки Алихони Набипур тамоми бойгонии хешро ба мадди назарам мегузорад, бехабар аз он ки ў вақтро ба нафъи хеш истифода мебарад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан