- Чун он бонуи урён дар рўи суфаи ҳаммоми умумӣ нишастааст, банда донистан мехостам, ки чӣ тавр кормандони ҳаммом розӣ шуданд, ки шумо вориди ҳаммоми занона шавед?
- Пора санги хораро об кунад ва ин тарафи корро худи ҳамон бону ҳалу фасл намуд.
- Аз рўи таърихи рўзнома бармеояд, ки акси мазкур ду сол пештар рўи чоп омада. Ман донистан мехостам, ки баъди ғолиби озмун гаштан шумо дар касби хеш чӣ навгоние ворид намудед?
- Баъди чопи ҳамин акс баъзеҳо қариб табар гирифта, бандаро маҳв карданӣ шуданд, бехабар аз он ки худованд баҳри кирми дохили санг ҳам барги сабзро арзонӣ дошта.
- Яъне, шумо аз кор рафтед?
- Ҳамин хел, вале акнун гумон мекунам, ки аз кор рафтан боиси андўҳ гирифта гаштан намешудааст. Ҳунарманд дар ҳама ҷо бологузар аст ва доираи фаъолияти камина дар озодӣ ҳам заррае коҳиш наёфтааст.
- Ризқ аз ҷониби парвардигор аст.
- Ба гузаштагонатон раҳмат! - соҳибхона пиёлаи холишударо аз дасти ман гирифта боз чой рехта гуфт:
- Аз ин ширинҳо нўши ҷон кунед.
- Барои ба сафи тарҳсозон дохил шудан чӣ намуд расмҳо лозим?
- Сараввал портрет, то бинанда дар як нигоҳ ба симои зоҳирии модел баҳо дода тавонад.
- Пас чӣ?
- Ҳама вобаста ба реклама мешавад. Муҳимаш, ки духтарчаатон чун модел пазируфта шавад, он тарафашро худи вақт ҳал мекунад.
- “Духтар дар ҳаммом” ҳам модел буд?
- Не.
- Оё мешавад, ки аз моделҳо ҳам…
-Яке аз асосҳои дар реклама иштирок намудани модел ин дар кастинг ғолиб омадани вай мебошад. Чун дар кастинг ғолиб омад, ба гумон аст, ки модел аз иштирок дар реклама даст кашад. - Боз як савол.
- Марҳамат.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




