Ба таври дигар гўем “гувоҳи рӯбоҳ - думаш.” Дар интиҳо соҳибхона лаълии калоне дар даст вориди меҳмонхона шуд ва чун ў ба самти ҷои нишасти банда ҳаракат намуд, ман маҷбур шудам, ки ҳамаи он маҷаллаву рўзномаҳоро дар як гӯшаи миз болои ҳам чинам, то баҳри дастурхони сайёр ҷой омода созам.
Соҳибхона лаълиро болои миз гузошт ва худ дар курсии дигаре дар муқобилам нишаста, ба ду пиёла чой рехт ва якеро назди худ гузошта, дигареро ба сӯйи ман дароз намуд. Чун пиёларо ба даст гирифтам, ў гуфт:
-Аминам, ки аксҳои гирифтаи банда ба шумо писанд омад ва чун ҳар як эҷодкор аз шумо пурсиданиам, ки кадоме аз ин расмҳо ба андешаи шумо писандидатар аст?
- Ҳамоне, ки ба озмуни рўзномаи русӣ фиристодаед.
- “Духтар дар ҳаммом,” - гўед.
- Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр ба шумо гирифтани чунин як расм муяссар шуд ё онро ба таври пинҳонӣ…
- Ничего подобного.
- Яъне, бо розигии худи ҳамон бону? - Ба сўйи рўзномаҳою маҷаллаҳо ишора намуда гуфтам ман.
- Албатта.
- Аҷиб, чӣ тавр бонуи мусулмон ба чунин амал розӣ шудааст?
- Ман аллакай гуфтам, ки бонуҳои мо ҳам аз ғарбиён кам нестанд ва агар чунин аст, пас чаро чаҳониёнро ба ҳайрат нагузоранд? Дар воқеъ, ҳамон расм дар озмун ҷойи аввалро гирифт ва ба ҷуз Дипломи, озмун, ки дорои мукофоти пулӣ буд, боз редаксия барои банда ана ҳамон фотоаппарати модели охирини маркаи «Зенит»-ро тақдим намуд, - гуфт соҳибхона ва бархоста яке аз он асбобҳои аксбардории болои ҷевони китобҳоро гирифта ба сари миз омад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




