Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 324 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 324 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дар саҳифаи дувоздаҳи рўзнома таваҷҷуҳи бандаро акси урёни духтараки зебое, ки як кокули ғафсу дароз дошту пушт ба тарафи аксбардор нишаставу чашм аз тағораи оби дар паҳлуяш буда намеканд, дидам. Дар болои акс расмҳои ба «Озмун» фиристодашуда ва дар кунҷи поёнии он «Духтар дар ҳаммом» навишта шуда буд. Дар зери расм бошад, бо ҳарфҳои хоно номи аксбардор омаду буд: Алихони Набипур.
Мисли он ки дуздро дар обмурӣ медоранд, соҳибхона низ бандаро ҳангоми тамошои ҳамин расм дастгир намуд…

  • Расми зебо, - гуфтам ман.
  • Баъзе нотавонбинон ҳамин расмро қариб, ки “порнография” гуфта эълон намуданд.
  • Куҷои ин порнография аст?
  • Акнун бовар намудам, ки шумо марди зебопарастед.
    Маҷаллаҳоро тамошо намудед?
  • То кунун не.
  • Майлаш тамошо кунед, ман ҳозир чой мебиёрам.
  • Шуморо ташвиш додам.
  • Меҳмон атои худост, - гўён соҳибхона боз дарро аз самти дигар баст.
    Тамошои дигар маҷаллаю рўзномаҳо ҳам қариб, ки бе натиҷа анҷомид, ҳарчанд аксҳои гирифтаи Алихони Набипур дар онҳо кам набуданд, вале маро як чиз ором намегузошт. Аз чӣ бошад дилам гувоҳӣ медод, ки соҳибхона омадани бандаро мунтазир будааст, вагарна наход дар байни ин қадар расм саҳфан расме бо хато наафтад. Гўё ҳамаи расмҳо гулчин буданд, агар мо бо ин расмҳо сарамонро ба санг ҳам мезадем, аксбардорро ҳатто барои вайрон кардани одоби шарқиёна ва паст намудани шаъни духтари ҳамдину ҳамҷавори хеш ба ҷавобгарии маъмурӣ ҳам кашида наметавонистем. Аксбардор бошад, чун актёр нақши хешро дар ин саҳна хеле бомаҳорат иҷро мекард, рафту агар ўро сирри ниҳоне дар сар набудӣ.
    Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки аз рўи иттилои гирифтаи банда ўро бо ҷурми кадом як гуноҳаш аз кор ронда буданд, вале ҳамаи ин барои вай дарс нашудаву боз аз рўи ҳамин касб савлат дошт. Аз он чи ки банда дидам, заррае муболиға дар хабарҳои гирифтаам набуд, ҳарчанд дарвозаи ҳавлӣ боҳашамат ҳам набошад, вале меҳмонхонаи собиқ рўзноманигори суратгир, ки дар ҳамин шароити бурҳони иқтисодӣ дар ягон ҷо кору фаъолият надошт, аз рўи мебелҳо ва курсиҳои хориҷиаш бинандаро ба ҳайрат меовард.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан